"ИСТИФОДАИ ПРИНСИПИ АЁНИЯТ ДАР ТАЪЛИМИ САНЪАТИ ТАСВИРӢ"

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Темурова М.Н..pdf)Темурова М.Н.ИСТИФОДАИ ПРИНСИПИ АЁНИЯТ ДАР ТАЪЛИМИ САНЪАТИ ТАСВИРӢ56

 


МУАЛЛИФ: Темурова Муяссар Нозимовна, саромўзгори кафедраи санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои халқии МДТ “ДДХ ба номи акад. Б.Ғафуров” (Тоҷикистон, Хуҷанд)

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 3(72).     СОЛИ БАРОРИШ: 2022.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ

ЧАКИДА

Мақола ба истифодаи принсипи айёният дар таълими санъати тасвирӣ ихтисос ёфтааст. Қайд мешавад, ки моҳияти расмкашӣ ҳамчун фанни таълимӣ ва ҳамчун як намуди санъати тасвирӣ аз принсипи аёнияти таълим фасоҳати муайян, таъсиррасонии отифӣ ба  хонандагон ва дар ниҳоят намуди зоҳирии зебоишинохтиро талаб мекунад. Ин меъёрҳои дуюмин дараҷанамебошад, балки омилҳои таъсиррасонии фаъол ба раванди таълим, ки ба дарккунӣ ва аз худ кардани мавод, ба афзоиши маҳорат ва малака ва тарбияи зебоишиносии хонандагон мусоидат мекунад. Илова бар аз ин ҳангоми сохтани воситаҳои аёнӣ бояд ҳаҷм, қобили мушоҳида будан, хонда шудан, андоза ва табиати ҳарф, ихчамӣ, суҳулати истифода дар шароитҳои гуногун, устуворӣ ва беҳдоштиро фикр кардан лозим аст. Зикр мешавад, ки сохтани воситаи аёнии таълими босифат ва арзишнок, ки дар боло талаботи он қайд карда шуд, вазифаи меҳнат талаб ва масъулиятнок мебошад. Паҳлўи дигари он дар истифодаи методикаи дурусти ин воситаҳо дар раванди таълим иборат аст.Муаллиф кўшиш ба харҷ додааст, аҳамияти воситаҳои аёнӣ, ки яке аз принсипҳои асосӣ дар илми педагогика ба шумор меравад, кушода диҳанд. қайд карда шудааст, ки одам муҳити атрофро бо ёрии узвҳои ҳисси  дарк мекунад. Раванди дарккунӣ (идрок, хотира, тафаккур, тасаввурот) ҳамчун қисми таркибӣ ба фаъолияти гуногуни одам дохил мешавад. Дар натиҷаи таҳлил муаллиф ба чунин хулоса омадааст, ки лавозимоти аёнӣ барои тез ва самаранок дарк кардани маводи нав дар машѓулиятҳои санъати тасвирӣ мусоидат мекунад.    

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

дидактика, санъати тасвирӣ, басарӣ, фаъолият, дарккунӣ, абстрактӣ, расмкашӣ, лавозимоти аёнӣ