"ШЕВАИ ТАБЛИҒИ ҒОЯҲОИ БАРНОМАВИИ ҲИЗБҲОИ ҶУДОГОНА ДАР НАШРИЯҲОИ ДАВРӢ "

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Бобоева Б.Р..pdf)Бобоева Б.Р.ШЕВАИ ТАБЛИҒИ ҒОЯҲОИ БАРНОМАВИИ ҲИЗБҲОИ ҶУДОГОНА ДАР НАШРИЯҲОИ ДАВРӢ41

 


МУАЛЛИФ: Бобоева Барноҷон Рауфовна, унвонҷӯи кафедраи журналистика ва назарияи тарҷумаи факултети филологияи тоҷики МДТ “ДДХ ба номи акад.Б.Ғафуров” (Тоҷикистон, Хуҷанд)

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 3(72).     СОЛИ БАРОРИШ: 2022.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ

ЧАКИДА

Мақола ба баррасии масъалаи роҳҳои таблиғи ғояҳои барномавии ҳизбҳо дар нашрияҳои даврӣ бахшида шудааст.Қайд мешавад, ки матбуоти ҳизбӣ дар Тоҷикистон дар замони шўравӣ шакл гирифта, дар даврони истиқлолияти давлатӣ густариш пайдо кардааст. Дар оғози истиқлолияти миллӣ таъсиси якчанд ҳизбҳои сиёсӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ сурат гирифт, ки дар ташаккули матбуоти аҳзоби сиёсӣ заминаи мусоид фароҳам оварданд. Матбуоти аҳзоби сиёсӣ дар Тоҷикистон дар замони истиқлолияти миллӣ ташаккул ва инкишоф ёфтааст. Фаъолияти матбуоти аҳзоби сиёсӣ журналистикаи тоҷикро гуногунранг ва пурмазмун намуда, барои плюрализми сиёсӣ замина гузоштааст. Собит мешавад, ки барои дар амал татбиқ намудани ҳадаф ва мақсаду мароми худ ҳар гуна ҳаракату аҳзоб аз имкониятҳои ВАО истифода мекунад.ВАО, бахусус матбуоти даврӣ, ҳамчун василаи пешкаш ва ташвиқу таблиғи ин ё он ҳадаф ва андешаву афкор ҳамеша нақши назаррас дорад. Аз ҳамин ҷиҳат, аҳзоби сиёсии ҷаҳон ва Тоҷикистон низ дар тарғибу ташвиқи ғоя ва аҳдофу афкори худ аз ин васила ба таври васеъ истифода менамоянд. Дар баробари ин ҳар як ҳизби сиёсӣ кўшиш мекунад, ки нашрияи даврии худро дошта бошад. Имрўз дар Тоҷикистон 7 ҳизби сиёсӣ расман фаъолият мекунанд, ки 6-тои онҳо нашрияҳои даврии худро соҳибанд. Таъсиси нашрияҳои ҳизбӣ аз муҳимтарин рўйдодҳое маҳсуб меёбад, ки барои пешрафти сиёсат ва соҳаҳои дигари ҳаёти иҷтимоӣ ҷиддӣ аст, зеро ин падида, аз як ҷиҳат ҷомеаи демократиро муаррифӣ менамояд, аз ҷониби дигар, дар таъмини озодии сухан замина мегузорад. Ин омил, ки дар мақола муфассал инъикос шудааст, бешубҳа нақши ҳизбҳоро дар дигаргунии ҷомеа муҳим арзёбӣ мекунанд.  

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

   журналистика, ҳизбҳои сиёсӣ, матбуот, таърихи матбуот, матбуоти ҳизбӣ, бозсозӣ, демократия, истиқлолият