"ПАЙВАНДИ ВАЗНУ МАЗМУН ДАР ҒАЗАЛИЁТИ УСТОД ЛОИҚ "

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Қавизода А..pdf)Қавизода А.ПАЙВАНДИ ВАЗНУ МАЗМУН ДАР ҒАЗАЛИЁТИ УСТОД ЛОИҚ38

 


МУАЛЛИФ: Қавизода Аниса, докторанти  кафедраи адабиёти  муосири тоҷики МДТ “ДДХ ба номи акад. Б.ғафуров” (Тоҷикистон, Хуҷанд)

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 3(72).     СОЛИ БАРОРИШ: 2022.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ

ЧАКИДА

Мақола ба таҳқиқу баррасии авзони ғазалиёти Лоиқ Шералӣ ихтисос ёфтааст. Тадқиқоти муаллиф асосан дар заминаи жанри суннатии ғазал сурат гирифта, пайванди вазну мазмун ва мусиқӣ муайян карда шудааст. Зимни тадқиқот муайян карда мешавад, ки аз 14 баҳри арўзи форсӣ дар ашъори устод Лоиқ  танҳо 9 баҳр истифода шудааст. Тибқи нишондоди муаллиф аз ҳама баҳри серистифода баҳри рамал, дувум баҳри ҳазаҷ, севум музореъ, баъдан раҷаз, хафиф, муҷтасс ва дар охир мутақориб ва мунсареҳ қарор доранд. Дар заминаи муайян кардани баҳрҳо ва вазнҳои ғазалиёти Лоиқ Шералӣ муаллиф имкони ғунҷоиши  мазомини  ишқӣ, фалсафӣ, андарзӣ ва иҷтимоиву сиёсиро дар ин авзон баррасӣ мекунад. Муаллиф ба хулосае мерасад, ки дар ашъори Лоиқ Шералӣ баҳрҳои рамал ва ҳазаҷ истифодаи бештар доранд ва тавассути онҳо шоир дар баёни фикру эҳсоси худ муваффақ шудааст.   

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

 арўз, баҳр, авзон, ашъор, ғазал, рамал, ҳазаҷ