"ОМИЛҲОИ ТАЪРИХИИ ДАЪВАТИ ИҶЛОСИЯИ XVI ШЎРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Усмонзода А.И., Набизода В.М..pdf)Усмонзода А.И., Набизода В.М.ОМИЛҲОИ ТАЪРИХИИ ДАЪВАТИ ИҶЛОСИЯИ XVI ШЎРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН56

 


МУАЛЛИФ: Усмонзода Аюб Ислом, д.и.т., профессор, ректори МДТ “ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров”; Набизода Ваҳоб Машраф, д.и.т., профессори кафедраи таърихи Ватан ва археологияи МДТ “ДДХ ба номи акад. Б.Ғафуров” (Тоҷикистон, Хуҷанд) 

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 3(72).     СОЛИ БАРОРИШ: 2022.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ

ЧАКИДА

Дар мақола омилҳои таърихии баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри Арбоби Хуҷанд мавриди баррасӣ қарор дода шудааст. Муаллифон дар асоси маводи таърихӣ, омӯзиши ҳуҷҷатҳои мӯътамад вазъи иҷтимоию сиёсии ҷумҳуриро дар ибтидои солҳои 90-уми асри XX таҳлил намудаанд. Кӯшиш ба харҷ дода шудааст, ки мақсадҳои муғризонаи нерӯҳои демоисломистӣ нишон дода шавад. Таваҷҷӯҳи хоса ба тазоҳуроти сиёсӣ, ташкили Ҳукумати мусолиҳаи миллӣ, ситоди “Наҷоти Ватан” нигаронида шудааст. Қайд шудааст, ки маҳз иҷлосияи XVI  Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи ба эътидол овардани ҷумҳуриро тарҳрезӣ намуд ва мардуми кишварро барои расидан ба сулҳу салоҳ ҳидоят намуд.  

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

 Истиқлолияти давлатӣ, интихобот, нерӯҳои оппозитсионӣ, гирдиҳамоии тӯлонӣ, Ҳукумати муросои миллӣ, ситоди “Наҷоти Ватан”, Қасри Арбоб, иҷлосия