2022 сол
"БА СУРОҒИ ҲАҚИҚАТИ МАЪНО ДАР ШЕЪРИ АСИЛ "
МУАЛЛИФ: Нуров Нуралӣ Норович, доктори илмҳои филология, профессор, муовини директори Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии илмҳои ҷомеашиносии МДТ “ДДХ ба номи акад. Б. Ғафуров (Тоҷикистон, Хуҷанд)
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(71). СОЛИ БАРОРИШ: 2022. ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ
ЧАКИДА
Дар мақола маҷмӯаи ашъори шоир ва фарҳангнигори тоҷик Абдуҷаббори Суруш “Ишқ аз сӯи Худост” (Хуҷанд, 2019.-176 с.)нақду баррасӣ шудааст. Муаллиф дар ҷараёни муаррифӣ ва баррасии китоб бар ин натиҷа расидааст, ки Абдуҷаббори Суруш яке аз шоирони пешгоми шеъри имрӯзи тоҷик ба шумор меравад, ки чӣ дар қолиби суннатӣ ва чӣ дар шеъри нав тозакориҳое аз худ ба зуҳур расонидааст, ки он пеш аз ҳама дар офариниши маъно, шеваи тозаи баён, тасвирсозӣ, бозтоби андешаҳои фалсафӣ, иҷтимоӣ, таҷаддуд дар қолибу сохторҳои шеърӣ ҷилвагар аст. Дар заминаи таҳлили афкори донишмандони муосир, ки бархе замони ғазалро ба поёнрасонида унвон кардаанд, муаллифи мақола дар асоси ғазалҳои дар маҷмӯаи мазкур воридшудани Суруш собит намудааст, ки ғазал дар шеъри имрӯзи тоҷик тозагиҳое дар офариниши маъно, ҷойгузинии тасвиру таркибҳои тоза рӯ ба таҷаддуд дорад ва сурудаҳои ин шоири тозапайғом бозгӯи ҳақиқати ин амр ба шумор мераванд.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
Суруш, дафтари шеър, ғазал, шеъри суннатӣ, шеъри нав, навпардозӣ, таркибсозӣ, тасвирофаринӣ, ҳунари шоирӣ, тарзи тоза, маънӣ, андеша