"ИСТИФОДАИ ВИДЕО ҲАМЧУН МАВОДИ МУЛТИМЕДИЯВӢ ДАР ТАЪЛИМИ ЗАБОНИ АНГЛИСӢ "

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Розиков Б.М..pdf)Розиков Б.М.ИСТИФОДАИ ВИДЕО ҲАМЧУН МАВОДИ МУЛТИМЕДИЯВӢ ДАР ТАЪЛИМИ ЗАБОНИ АНГЛИСӢ36

 


МУАЛЛИФ: Розиқов Баҳром Маҳмасолиҳович, унвонҷӯи кафедраи курси амалии забони англисии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав (Тоҷикистон, Бохтар)

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(71).     СОЛИ БАРОРИШ: 2022.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ

ЧАКИДА

Мақола  пайгири таҳқиқу баррасии истифодаи видео ва навъҳои гуногуни маводи видеоӣ ҳамчун воситаи таълим ва маводи мултимедиявӣ дар рафти таълими забони англисӣ мебошад.  Қайд карда мешавад, ки дар солҳои охир мафҳуми “мултимедия” мақоми хоса касб намуда, дар самти таълими забонҳои хориҷӣ васеъ истифода шуда истодааст. Видео ва маводи видеоӣ ҳамчун воситаи таълим  ва маводи мултимедиявӣ дар азхудкунии ҷанбаҳои гуногуни забони англисӣ нақши муҳим мебозад. Махсусан барои татбиқи мақсади асосии омӯзиши забони англисӣ, рушди малакаҳои муоширатӣ мусоидат менамояд. Муаллиф мақола назарияи муҳаққиқонро доир ба мавзӯъ мавриди таҳқиқ баён намуда, мушкилоту муваффақиятҳои мавзӯи таҳқиқро масъалагузорӣ намудааст. Мисолҳо вобаста ба истифодаи навъҳои гуногуни видео пешниҳод шуда, тавсияҳои зарурӣ оварда шудаанд. Муаллиф фикру ақидаҳои худро ҷамъбаст намуда, хулосаи худро пешниҳод сохтааст. Муаллиф таъкид месозад, ки риояи як қатор талабот оид ба истифодаи маводи видеоӣ шарт ва зарур мебошанд.Мақола ба яке аз масъалаҳои муҳими методикаи таълими забони англисӣ, истифодаи маводи видеоӣ бахшида шуда, ба таври мухтасар аз мушкилоту муваффақиятҳои масъала маълумот медиҳад.  

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

 маводи видеоӣ, мултимедия, забони англисӣ, таълим, донишҷӯ, машқҳо, инкишоф, принсип, методика, малакаю маҳорат, муошират