"ОМОДАСОЗИИ ДОНИШҶУЁНИ ФИЛОЛОГ БА КОРҲОИ БЕРУНАЗСИНФЙ АЗ ФАННИ ЗАБОНИ РУСЙ "

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Искандарова М.Н..pdf)Искандарова М.Н.ОМОДАСОЗИИ ДОНИШҶУЁНИ ФИЛОЛОГ БА КОРҲОИ БЕРУНАЗСИНФЙ АЗ ФАННИ ЗАБОНИ РУСЙ39

 


МУАЛЛИФ: "Искандарова Мадинахон Набиҷоновна, н.и.ф., дотсенти кафедраи  инкишофи  нутқи  хаттӣ  ва  даҳонии забони  русӣ  МДТ  “ДДХ  ба  номи акад.Б.Ғафуров” (Тоҷикистон, Хуҷанд) "

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(71).     СОЛИ БАРОРИШ: 2022.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Русӣ

ЧАКИДА

Дар мақола вазифаҳои муосири омодасозии мутахассисон - муаллимон, ки дар он самаранокии таълим ҳамон вақт ба даст оварда мешавад, ки корҳои синфӣ ва беруназсинфии фаннӣ ба таври табиӣ  ба ҳам пайваст бошанд. Дар баробари ин ҳар  муаллим медонад, ки ташкил ва гузарондани корҳои беруназсинфй  осон нест. Барои ташкили кори беруназсинфй  оид ба забони русй тайёрии ҷиддии назариявй ва малакаи муайяне лозим аст, ки муаллимони оянда  онҳоро бояд дар доираи  машғулиятҳои донишгоҳҳои педагогй  гиранд. Баъзе натиҷаҳои кори иҷрошуда, роҳ ва усулхои тайёр кардани муаллимони оянда барои ташкили кори беруназсинфй  доир ба забони русй дар мактаб ҷамъбаст карда шудаанд. Инчунин қайд карда мешавад, ки ҳангоми тайёрй ба корзои беруназсинфй  машғулиятҳои  назариявию амалӣ, таҷрибаи  омӯзгорӣ, семинарҳои махсус ва корҳои курсй истифода бурда мешаванд. Маводи пешниҳодшуда ва ҷамъбасти он метавонад дар таълими забони русӣ дар давоми дарс ва берун аз дарс як навъ ёрии амалӣ расонад, ки дар он самти коммуникативӣ бояд махсус эҷод карда шавад, ки ин яке аз масъалаҳои ҳалкунандаи бунёдӣ мебошад, ки ҳалли он дар набудани муҳити забонӣ хеле душвор аст.  

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

 корҳои беруназсинфӣ, омодагии назариявӣ, рушди ҳамаҷониба, амалияи педагогӣ, лексия ва дарсҳои амалӣ, усулҳои таълим, ёддошти  дарс