ТАШАККУЛИ ҚОБИЛИЯТИ ЭҶОДӢ ВА МАҲОРАТИ КАСБИИ ДОНИШҶӮЁНИ ИХТИСОСИ ДИЗАЙНИ МАҲСУЛОТИ ДӮЗАНДАГӢ ДАР ТАЪЛИМИ САНЪАТИ ОРОИШӢ - АМАЛӢ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Нугмонов М..pdf)Нугмонов М.ТАШАККУЛИ ҚОБИЛИЯТИ ЭҶОДӢ ВА МАҲОРАТИ КАСБИИ ДОНИШҶӮЁНИ ИХТИСОСИ ДИЗАЙНИ МАҲСУЛОТИ ДӮЗАНДАГӢ ДАР ТАЪЛИМИ САНЪАТИ ОРОИШӢ - АМАЛӢ35

 


МУАЛЛИФ: Нугмонов Мансур, д.и.п., профессори  кафедраи методикаи таълими математикаи МДТ “Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ”(Тоҷикистон, Душанбе)

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(71).     СОЛИ БАРОРИШ: 2022.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ

ЧАКИДА

Мақола ба баррасии шаклгирии тавоноии эҷодӣ ва маҳорати ҳирфавии донишҷӯёни ихтисоси дизайни маҳсулоти дӯзандагӣ дар  санъати ороиши амалӣ бахшида шудааст. Қайд карда мешавад, ки инкишофи тарбияи завқи бадеӣ дар раванди машғулиятҳои санъати ороишӣ- амалӣ танҳо дар сурати ҳосил намудани маҳорат, малака ва истифодаи амалии донишҳои махсус имконпазир аст. Тазаккур меравад, ки яке аз роҳҳои беҳтарин ва аз ҳама дастрас барои самаранок тарбияи завқи бадеии донишҷӯён ҷиҳати роҳбарӣ ба корҳои эҷодӣ  маҳсуб меёбад. Собит мешавад, ки  афзоиши баланди шавқу завқи аҳолии ҷумҳурӣ ба ин соҳаи санъати ороишӣ-миллӣ, асосан, аз таваҷҷуҳи зиёди аҳолӣ ба фарҳанги маишӣ  алоқаманд аст. Таҷриба имкон додааст, ки норасоиҳои асосии тарбияи завқи бадеӣ донишҷӯён дар раванди таълими санъати ороишӣ- амалӣ, ки зимни ташкили нисбатан муваффақона бартараф кардан мумкин аст, муайян гардад.Донишҷӯён зуд малакаҳои лозимаро дар рафти омӯзиши ин ҳунар аз худ намуда, ҳангоми зарурати истифодаи якчанд намуди дӯхт, дар иҷрои рафти кор мушкилиҳо ба назар расида, он сусттар анҷом меёбад.   

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

 санъати ороишӣ-  амалӣ,  ҳунар, тарбия, ҳунарҳои халқӣ, таҳқиқот, анъанаҳои миллӣ, эҷодкорӣ, фарҳанг