"ШЕВАИ ТАЪЛИМИ ҒАЗАЛИ “ДИЛ МУҚИМИ КӮЙИ ҶОНОН АСТУ ТАН ИН ҶО ҒАРИБ” КАМОЛИ ХУҶАНДӢ-И "

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Ахмадов М..pdf)Ахмадов М.ШЕВАИ ТАЪЛИМИ ҒАЗАЛИ “ДИЛ МУҚИМИ КӮЙИ ҶОНОН АСТУ ТАН ИН ҶО ҒАРИБ” КАМОЛИ ХУҶАНДӢ-И45

 


МУАЛЛИФ: Аҳмадов Мирзоҳабиб, н.и.ф., дотсенти кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷики МТД “ДДХ ба номи акад.Б. Ғафуров” (Тоҷикистон, Хуҷанд)

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(71).     СОЛИ БАРОРИШ: 2022.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ

ЧАКИДА

Дар мақола шеваи омӯзиши яке аз ғазалҳои машҳури Камоли Хуҷандӣ, ки ҷанбаҳои шарҳиҳолӣ ва ирфонӣ дорад, шарҳу тафсир шудааст. Шиносоии хонандагон бо асолати матни ғазал, ҷиҳатҳои сохтории он, усули кор бо луғат, усули шарҳи маъно ва тариқи натиҷагирӣ аз он мавриди баррасӣ ва баҳс қарор гирифтааст.Муаллиф зарурати шарҳу тафсири мазмуни ирфонии ғазалро дар он ҳам дидааст, ки хонандагон ин шоири тавоно ва шайхи бузургро бекас ва ғарибу нотавон нашиносанд, балки донанд, ки дар рӯзгори хеш шоир худро асло чунин “ғарибу мискин” муаррифӣ карданӣ нест. Аз зиндагии Шайх Камол ҳам бармеояд, ки ба ашъори баланди вай ва шахсияти ӯ мардуми Табрезу Сарой ва ҳукмронони замон низ эҳтиром мегузоштанд, таваҷҷӯҳи хосае доштанд ва аз ин ҷиҳат ҳам зиндагии шоирро ободу таъмин медоштанд.  

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

 шеваи таълим, сохтори ғазал, хониши бадеӣ, шарҳи луғат, шарҳи маъно, санъатҳои бадеӣ, мазмуни ирфонӣ