"АФКОРИ ПЕДАГОГИИ ВОҶИДАЛИИ МУҶМАЛӢ ОИД БА МАСЪАЛАҲОИ ТАРБИЯИ АХЛОҚИЮ МЕҲНАТӢ "

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Аюбова М.З.,Сафарзода Ш.М..pdf)Аюбова М.З., Сафарзода Ш.м.АФКОРИ ПЕДАГОГИИ ВОҶИДАЛИИ МУҶМАЛӢ ОИД БА МАСЪАЛАҲОИ ТАРБИЯИ АХЛОҚИЮ МЕҲНАТӢ89

 


МУАЛЛИФ: Аюбова Манижа Зокирҷоновна, н.и.п.,сармуаллими кафедраи умумидонишгоҳии  забонҳои  хориҷии МДТ “ДДХ ба номи акад. Б.Ғафуров” (Тоҷикистон, Хуҷанд) Сафарзода Шамсиддини  Маҳмадраҷаб,омӯзгори  кафедраи умумидонишгоҳии педагогикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон (Тоҷикистон, Душанбе)

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(71).     СОЛИ БАРОРИШ: 2022.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ

ЧАКИДА

 Дар мақола андешаҳои мутафаккир ва олими асри XIX Воҷидалии Муҷмалӣ доир ба омӯзиши касбу ҳунарҳо мавриди таҳлил ва омӯзиш қарор гирифтааст. Муҷмалӣ ҳамаи ҳунарҳоро ба чор гурӯҳ – аъло (олӣ), авсат (миёна), адно (паст) ва данӣ (пасттарин) ҷудо кардааст. Новобаста ба ин тақсимот ӯ тарзи омӯзиши ҳар кадоми онҳоро баён карда, андешаашро изҳор кардааст, ки дар мақола он андешаҳо мавриди таҳлил қарор гирифтаанд. Сарчашмаи маълумоти В.Муҷмалӣ китобҳо, дастурҳои гузаштагон, таҷрибаи устоду шогирдӣ, мушоҳидаҳои шахсияш мебошанд, ки аз онҳо истифода карда, асарашро таълиф кардааст. Тазаккур меравад, ки перомуни омӯзиши касбу ҳунарҳо қисмати дуюми асари В.Муҷмалӣ “Матлаъ-ул-улум ва маҷмаъ-ул-фунун” мӯҳтавои ин қисми китоб асоси сарчашмавии мақола мебошад. Қайд мегардад, ки, андешаҳои Муҷмалӣ, ки дар асараш оид ба омӯзиши ҳунарҳо зикр гаштааст, дар асри зиндагии муаллиф ақидаҳои пешқадам ва созанда буданд. Муаллифи мақола хулоса кардааст, ки андешаҳои Муҷмалӣ доир ба омӯзиши ҳунарҳои то кунун боқимонда аҳамиятнок буда, асари ӯ метавонад,  барои эҳёи ҳунарҳои азбайнрафта ва тарбияи меҳнативу  ахлоқии имрӯзиён  ёрии амалӣ расонад.   

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

 Муҷмалӣ, касб, ҳунар, омӯзиши ҳунарҳо, дастабандии касбу кор, этнопедагогика, шогирд