"ШАРТҲОИ ТАШКИЛИ МУСТАҚИЛИЯТИ МАЪРИФАТИИ ДОНИШҶЎЁНИ ДОНИШГОҲҲОИ ОМЎЗГОРӢ "

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Ансори П.Б..pdf)Ансори П.Б.ШАРТҲОИ ТАШКИЛИ МУСТАҚИЛИЯТИ МАЪРИФАТИИ ДОНИШҶЎЁНИ ДОНИШГОҲҲОИ ОМЎЗГОРӢ49

 


МУАЛЛИФ: Ансорӣ Парвина  Бахтиёрхон, унвонҷўи Пажўҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, мудири кафедраи забон ва адабиёти руси Донишкадаи омўзгории Тоҷикистон дар ш.Панҷакент (Тоҷикстон, Панҷакент)

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 1(70).     СОЛИ БАРОРИШ: 2022.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ

ЧАКИДА

"Мақола ба баррасии  шартҳои ташкили мустақилияти донишҷўёни донишгоҳҳои педагогӣ дар донишомўзӣ бахшида шудааст. Дар мақола  фаъолияти таълимӣ низ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтааст, ки дар он воситаи асосии дар донишҷўён такмил додани мустақилияти маърифатӣ кори мустақилона оид ба ҷустуҷўи иттилоот, ҳамчунин худсозмондиҳии фаъолияти таълимӣ мебошад. Ба омўзиши мустақилияти маърифатии донишҷўёни донишгоҳҳои педагогӣ таълифоти Е.А. Таранчук бахшида шудааст. Мавсуф дар рафти такмили мустақилияти маърифатии педагогҳои оянда нақши афзалро ба шартҳои педагогиву ташкилӣ мансуб медонад. Чунончи, самтгирии донишҷўёнро ба такмили иқтидори маърифатии худ ҳангоми азхудкунии мундариҷаи фанҳои таълимӣ омили муҳими раванди таҳсилот мешуморад, ки ба он ташкили раванди таълим аз рўйи амсилаи вазъиятӣ мусоидат карда метавонад. Ба туфайли ин навъи таълим донишҷў ба фаъолияти мустақилонаи таълим ҷалб мешавад, ки дар ташкили бомуваффақияти раванди худомўзӣ мавқеи асосӣ дорад. ҳамин тавр, ба сифати методҳои самарабахштарини расидан ба ин ҳадаф муаллиф фароҳам овардани вазъияти маърифатӣ, иҷрои супоришҳои сатҳи мураккабиашон гуногун бо назардошти ҳадафҳои раванди таълим ва хусусияти инфиродии донишҷўён, кейс-методро зикр менамояд."

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

донишҷў, шартҳо, фаъолияти таълимӣ, мустақилият, худомўзӣ, ташкил, раванди таълим, методҳои самарабахш, ваъзиятҳои омўзишӣ, омўзгор