2022 сол
"НАҚШИ ТАРБИЯ ДАР ТАШАККУЛ ВА РУШДИ ШАХСИЯТИ ХОНАНДАГОН "
МУАЛЛИФ: Умаров Абдуқаҳҳор Насимҷонович, докторанти (PhD) курси 2 ихтисоси санъати тасвирӣ ва нақшакашии МДТ «ДДХ ба номи акад.Б.Ғафуров»(Тоҷикистон, Хуҷанд)
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 1(70). СОЛИ БАРОРИШ: 2022. ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ
ЧАКИДА
Дар мақола оид ба мафҳуми тарбия, мазмуни он, муносибати маҷмӯӣ ба кори тарбия, асосҳои илмии раванди тарбия, назария ва методикаи корҳои тарбия, шакл ва методҳои тарбия, раванди асосии тарбия дар яклухтии он, сифати тарбия, тарбияи шахсият, тарбия ва ташаккули шахсият, мафҳуми тарбия ба маънои васеъ ва маҳдудаш, ки аз тарафи олимон – педагогони дохиливу хориҷӣ дар асарҳои худ баррасӣ кардаанд, таҳлил карда шудааст. Қайд мешавад, ки дигаргуниҳои ҷиддии дар мазмуни таълиму тарбияи муассисаҳои таълимӣ ба амаломада ба сиёсати нави маориф дар ҳаёти тозаистиқлоли Тоҷикистон вобаста буда, ба эҳёи маънавӣ, фарҳангӣ ва нақши созандаи маориф дар ҷомеа равона гаштааст. Муносибатҳои нави иҷтимоиву иқтисодӣ дар ташаккул ва рушди насли наврас бетаъсир намонд. Дар иртибот ба ин вазифаи аҳли ҷомеа, хонавода ва муассисаҳои таълимӣ аз тарбияи шахсияти ҳаматарафа рушдёфта, ки дорои психологияи миллӣ буда, дар асоси анъанаҳои беҳтарини халқ бояд тарбия ёбад, иборат аст. Ба назари муаллиф мураккабии раванди тарбия дар он мебошад, ки инкишофи шахсият ташкили дурусти психологиро талаб мекунад. Ин бошад, ҳатман воқиф будани тарбиятдиҳандагон аз масъалаҳои психологии инкишофи шахсият (мутассилӣ, инкишофи пайдарпай, ба қисмҳо ҷудо кардани раванди инкишоф ба марҳилаҳои гуногуни босифат)-ро пешгӯӣ мекунад. Таҳқиқотҳои равоншиносон нишон медиҳанд, ки маҳз сатҳи психологии ташкили одам таъсиррасонии шароити иҷтимоии инкишофи шахсият ба тавсифи табиии ӯро ифода мекунад. Дар он раванди иҷтимоигардонӣ бояд ҳамчун дигаргуншавии мушаххаси таърихии шароитҳои ояндаи ҷамъиятӣ дида баромада мешавад, ифода ёфтааст.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
тарбия, нақши тарбия, ташаккули шахсият, таълиму тарбия, фаъолияти хонанда, рушди фаъолияти хонанда