" ТАКРОР ВА АНВОИ ОН ДАР ДОСТОНИ “ҲУМОЙ ВА ҲУМОЮН”-И ХОҶУИ КИРМОНӢ "

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Ашӯрова М.М..pdf)Ашӯрова М.М.ТАКРОР ВА АНВОИ ОН ДАР ДОСТОНИ “ҲУМОЙ ВА ҲУМОЮН”-И ХОҶУИ КИРМОНӢ49

 


МУАЛЛИФ: Ашўрова  Маърифат Муҳаммадҷоновна, унвонҷўи кафедраи адабиёти классикии тоҷики МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд  ба номи академик.Б.Ғафуров” (Тоҷикистон, Хуҷанд)

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 1(70).     СОЛИ БАРОРИШ: 2022.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ

ЧАКИДА

Мақола ба баррасии такрор ва анвои он дар достони “Ҳумой ва Ҳумоюн”-и шоири асри ХIV адабиёти форсу тоҷик Хоҷуи Кирмонӣ ихтисос ёфтааст.Тазаккур меравад, ки такрор  яке  аз воситаҳои баёни сухан буда,  ду ва ё чандбора  айнан овардани вожаҳо дар абёт мебошад, ки ифоданокиву таъсири ҳиссии матнро афзоиш медиҳад. Такрор  дар достони “Ҳумой ва Ҳумоюн”-и Хоҷуи Кирмонӣ маънои асосии калимаи мушаххасро барои тавсифи ҳолати шахс ё муносибати ӯ ба чизе таъкид мекунад, онро муассир нишон диҳад ё тақвият бахшад. Бо мисолҳои мушаххас нишон дода мешавад, ки баъзан такрор  дар достони мавриди таҳлил тобишҳои гуногуни маъноро дар як вожа таъкид мекунад. Собит мешавад, ки такрор дар “Ҳумой ва Ҳумоюн”-и Хоҷуи Кирмонӣ дар баробари як навъи воситаи тасвир будан боз ба ҳайси яке аз  абзори балоғӣ ва мухтассоти сабки адабӣ рӯнамо шудааст.

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

Хоҷуи Кирмонӣ, “Ҳумой ва Ҳумоюн”, такрор, ифоданокии матн, тобишҳои маъноӣ