"ТАҶАССУМИ РЎЗГОР ВА ОСОРИ ШУАРО ДАР «МУНТАХАБ -УТ-ТАВОРИХ»-И МУҲАММАД ҲАКИМХОН "

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Султонова А.Ҷ..pdf)Султонова А.Ҷ.ТАҶАССУМИ РЎЗГОР ВА ОСОРИ ШУАРО ДАР «МУНТАХАБ -УТ-ТАВОРИХ»-И МУҲАММАД ҲАКИМХОН46

 


МУАЛЛИФ: Султонова Адиба Ҷалиловна, унвонҷӯи  кафедраи  адабиёти  муосири  тоҷики МДТ “ДДХ ба номи  акад. Б.Ғафуров”(Тоҷикистон, Хуҷанд)

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 1(70).     СОЛИ БАРОРИШ: 2022.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ

ЧАКИДА

Дар мақола ҷанбаҳои мухталифи рўзгор, аҳвол ва мақому эътибори шуаро дар қаламрави забон ва адабиёти форсии ҳавзаи адабии Мовароуннаҳр аз нигоҳи Муҳаммад Хакимхон бар асоси маводи  “Мунтахаб-ут-таворих” мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтааст. Ба ин ваҷҳ, дар радифи матолиби дигар хусусиятҳои ҳунарӣ, сабку салиқаи нигориши суханварон ва масоили марбут ба нақду сухансанҷӣ низ мавриди  таваҷҷўҳ қарор гирифтааст, ки ин василаи хубе  барои таъйини аҳамият ва арзиши асар дар омўзиш ва шинохти таърихи нақди адабии тоҷик ба шумор меравад. Аз ин рў, соҳиби мақола кўшидааст, ки ба ҷанбаҳои мухталифи масъалаҳои адабии “Мунтахаб-ут-таворих”-и Муҳаммад Ҳакимхон аз чашмандози фарох назар карда, мақом ва эътибори онро дар таърихнигории форсии тоҷикии ҳавзаи адабии Мовароуннаҳр муайян созад. Ба ин ваҷҳ, дар радифи матолиби аслии мақола ҷанбаҳои адабӣ, нақлу ривоёт перомуни зиндагиномаи шоирон, таърихи валодат ва фавт ,хусусан  ҷузъиёти муҳими зиндагиномаи суханварон ва масъалаҳои дигари марбут ба таърих ва адабиётшиносӣ мавриди таваҷҷўҳ қарор гирифтааст.

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

адабиёти тоҷик дар асри XIX, “Мунтахаб-ут-таворих”, Муҳаммад Ҳакимхон, муҳити адабии Хўқанд, рўзгор ва осори шуаро, арзишҳои адабӣ, нақлу ривоёт, таърихнависӣ