РОҲҲОИ ИСЛОҲИ СУСТХОНИИ ХОНАНДАГОНИ ХУРДСОЛ ТАВАССУТИ ТЕРАПИЯИ БОЗӢ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (39.Хоҷибоева Р.М..pdf)Хоҷибоева Р.М.РОҲҲОИ ИСЛОҲИ СУСТХОНИИ ХОНАНДАГОНИ ХУРДСОЛ ТАВАССУТИ ТЕРАПИЯИ БОЗӢ71

 


МУАЛЛИФ: Ҳоҷибоева Раънохон Мӯҳсиновна, муаллимаи кафедраи психологияи иҷтимоӣ ва касбии факултети психология ва таҳсилоти томактабии МДТ “ДДХ ба номи акад.Б.Ғафуров”(Тоҷикистон, Хуҷанд)

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 4(73).     СОЛИ БАРОРИШ: 2022.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: тоҷикӣ

ЧАКИДА

Мақола ба яке аз самтҳои мубрами кори таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ нигаронида шудааст. Дар мақола оид ба мубрамияти ташкили кори таълим ва роҳу усулҳои фаъолгардонии хонандагони хурдсол нақши асосиро ишғол намудааст. Мавқеи омӯзгори синфҳои ибтидоӣ баҳри ташаккули донишазхудкунии хонандагони синфҳои ибтидоӣ ва пешгирии сустхонии онҳо дар мақола ба таври возеҳ шарҳи худро ёфтааст.Масъалаи дигаре, ки мазмуну муҳтавои мақоларо ифшо менамояд, фаъолияти равоншиноси мактаб буда, якчанд усулҳои ёрирасон тавассути терапияи бозӣ барои бартараф намудани сустхонии хонандагон оварда шудааст. Терапияи бозӣ дар мақола барои ислоҳи рафтори агрессивӣ, воситаи беҳтаргардонии ҳолати эмотсионалии баъди ҷудошавии волидон, хонандагони хатари гирифтор ба зӯроварӣ ва партофташуда, пастнамоии тарс, стресс ва изтироб дар хонандагони гирифтори беморӣ, мушкилӣ дар хониш ва сустхонӣ дар таълим равона карда шудааст. Ҳамчунин дар мақола раванди таҳқиқот тариқи корҳои амалӣ – озмоишӣ давом ёфта, дар ду гурӯҳ ташхиси сустхонии таълимӣ ва равандҳои маърифатӣ гузаронида шуааст. Натиҷабардории шудааст, ки усулҳо, машғулиятҳо ва бозиҳои психологӣ барои ташаккул додани равандҳои маърифатӣ, ҳолатҳои эмотсионалӣ ‐ иродавӣ ва хусусиятҳои фардӣ – психологии шахс метавонанд кӯмак расонанд.

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

терапияи бозӣ, муносибат, вайроншавии рафтор, психокоррексия, сустхонӣ, фаҳмиш, солимии ҷисмонӣ, мутамарказият, арттерапия, ҳолатҳои эмотсионалӣ, тарбия, фобия, инфантилизм