"ХУҶАНДИ ЗАМОНИ АТИҚА АЗ РЎИ МАЪЛУМОТИ БОСТОНШИНОСӢ "

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (1.Раҳимов Н.Т.Бобоҷонова М..pdf)Раҳимов Н.Т.Бобоҷонов М.Р.ХУҶАНДИ ЗАМОНИ АТИҚА АЗ РЎИ МАЪЛУМОТИ БОСТОНШИНОСӢ63

 


МУАЛЛИФ: Раҳимов Набиҷон Турдиалиевич, д.и.т., профессор; Бобоҷонова Муаззама Раҳмадҷоновна, муаллими кафедраи таърихи ватан ва археологияи МДТ «ДДХ ба номи акад.Б.Ғафуров» (Тоҷикистон, Хуҷанд)

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 1(70).     СОЛИ БАРОРИШ: 2022.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Русӣ

ЧАКИДА

Мақола ба баррасии Хуҷанди  замони атиқа аз рӯи маводи ҳафриёти бостоншиносӣ  бахшида шудааст. Қайд карда мешавад, ки Хуҷанд яке аз шаҳрҳои қадимтарини Осиёи Марказӣ буда, ҳафриёти бостоншиносӣ қабатбанди(стратиграфия)-и ёдгориро дар ҳудуди қалъаи Хуҷанд муайян намуд. Тазаккур меравад, ки дар ин ҷо қабатҳои мадании ҳаёти сеҳазорсолаи шаҳр муаррифӣ карда шудааст, ки он дар илми бостоншиносӣ хеле кам омӯхта шудааст. Дар байни ёдгориҳои падидомада  қабатҳои замони атиқӣ (асрҳои IV-II т.м.- IV м.) таваҷҷӯҳи махсусро талаб мекунанд. Хуҷанди он замон дар сарчашмаҳои хаттӣ бо номи Искандарияи Ақсо(канорӣ)ёд мешавад, ки аз тарафи Искандари Мақдунӣ бунёд гардида   буд. Муаллифони мақола маводи археологии хандақу ҳафриётҳое, ки ба замони атиқаи Хуҷанд мутааллиқанд, таҳлил намудаанд.

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

Хуҷанди замони атиқа, Искандарияи Ақсо, ҷойгиршавӣ, ҳафриёт, ёдгориҳо, хандақҳо, сафол, дурнамои омўзиш