ҶОЙГОҲИ КАМОЛИ ХУҶАНДӢ ДАР БАРНОМАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (36.Пӯлодова Ш.С..pdf)Пӯлодова Ш.С.ҶОЙГОҲИ КАМОЛИ ХУҶАНДӢ ДАР БАРНОМАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК43

 


МУАЛЛИФ: Пўлодова Шоира Солиҷоновна, н.и.ф., дотсенти кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тољики МДТ “ДДХ ба номи акад. Б.Ғафуров”(Тоҷикистон, Хуҷанд)

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 4(73).     СОЛИ БАРОРИШ: 2022.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: тоҷикӣ

ЧАКИДА

Дар маќола сухан перомуни мавқеи Шайх Камоли Хуљандї дар Барномаи таълими адабиёти тоҷик дар курси хониши адабӣ ва таърихи адабиёт меравад. Таъкид мешавад, ки омӯзиши ғазалиёти шоир дар китобҳои дарсӣ ва дастурҳои методии муассисаҳои таҳсилоти миёна ҳанӯз аз солҳои 40-уми қарни гузашта роҳандозӣ ва ғазалњои «Ёр гуфт, аз ѓайри мо пӯшон назар», «Ошўби љонї, шўхи љањонї», «Дўст медорад дилам, љабру љафои дўстро», «Навбаҳорон зи гулат бӯи ту хуш меояд», «Дил муқими кӯи ҷонон асту тан ин љо ѓариб», «Аз ту як соат ҷудоӣ хуш намеояд маро», «Ҷоно, ба ҷуз лабони ту оби ҳаёт нест» барои таҳлилу баррасӣ манзур гаштааст. Муаллиф бо риояи низоми солномавӣ тартиби пешниҳоди фаслҳои марбут ба аҳволу осори К.Хуҷандиро бозгӯ ва тағйиру тафриқаи онҳоро мушаххасан баён доштааст. Қайд мегардад, ки дар тамоми давраҳо таълими ашъори Камоли Хуљандї њатмї ва зарурї мањсуб ёфта, барои он соатњои мувофиќ људо ва ғазалҳои аз љињати мазмуну муњтаво барои хонандагони синну соли наврасиву љавонї мувофиќ интихоб гаштаанд.

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

барномаи таълими адабиёт, Камол, ғазал, таълими адабиёти тоҷик, таҳлил, китоби дарсӣ