МУАММОҲОИ ТАЪЛИМИ ЗАБОНҲОИ ХОРИҶӢ ДАР МАКТАБҲОИ ТАҲСИЛОТИ ҲАМАГОНӢ ВА ОЛӢ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (33.Абдуллоева М.А.,Ҷӯраева М.А..pdf)Абдуллоева М.А.,Ҷӯраева М.А.МУАММОҲОИ ТАЪЛИМИ ЗАБОНҲОИ ХОРИҶӢ ДАР МАКТАБҲОИ ТАҲСИЛОТИ ҲАМАГОНӢ ВА ОЛӢ35

 


МУАЛЛИФ: Абдуллоева Мехриниссо Абдуллаевна, д.и.п., профессор; Ҷӯраева Мавҷуда Абдусаторовна, н.и.п., сармуаллими кафедраи методикаи таълими забонҳои хориҷии МДТ “ДДХ ба номи акад.Б.Ғафуров” (Тоҷикистон, Хуҷанд)

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 4(73).     СОЛИ БАРОРИШ: 2022.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: русӣ

ЧАКИДА

Дар мақола муаллифон барои бартараф намудани ин муаммоҳо тавсияҳои худро пешниҳод намудаанд. Мақола ба баррасии муаммоҳои таълими забонҳои хориҷӣ дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ва олӣ бахшида шудааст.Таъкид шудааст, ки дар ҷараёни иштирок ба дарсҳои ҳамкасбон муаллифони мақола бо вазъи тайёрии касбии омузгорони забонҳои хориҷии мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ва олӣ ошно гардиданд. Дар натиҷаи бадастомадаи таҳлил нишон дода шудааст, ки дар ин раванд як қатор муаммои муайяне мавҷуданд ва бештари онҳо ба он вобастаанд, ки омузгорон аз кори худ натоиҷи дилхоҳ ба даст оварда наметавонанд. Сабаби ин, пеш аз ҳама, ба таври кофӣ надоштани салоҳияти касбӣ ва инчунин мушкилоти бо роҳи дуруст ташкил ва гузаронидани дарс аз фанҳои тахассусӣ аст. Муаллифон сабаби камбудиҳои дар мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ ҷойдоштаро дар кам будани соатҳои дарсӣ аз фанни “Забони хориҷӣ” мебинанд.

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

 забони англисӣ, муаллим, салоҳият, муаммоҳо, усул, зинаи азхудкунӣ, малакаҳои муоширатӣ, тайёрии методӣ