МАВҚЕИ КИТОБХОНА ВА КИТОБХОНӢ ДАР ТАШАККУЛИ АҚЛУ ЗАКОВАТ ВА ФАРҲАНГИ ХОНАНДАГОН

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (22.Камолзода С..pdf)Камолзода С.МАВҚЕИ КИТОБХОНА ВА КИТОБХОНӢ ДАР ТАШАККУЛИ АҚЛУ ЗАКОВАТ ВА ФАРҲАНГИ ХОНАНДАГОН44

 


МУАЛЛИФ: Камолзода Сайфиддин, н.и.п., мудири шӯъбаи инноватсия ва технологияи таълими Академияи тањсилоти Тоҷикистон (Тоҷикистон, Душанбе)

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 4(73).     СОЛИ БАРОРИШ: 2022.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: русӣ

ЧАКИДА

Дар мақола масъалаи нақши китобхона ва китобхонӣ дар ташаккули ақлу заковат ва фарҳанги хонандагон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор мегирад. Китобхонаро муаллиф омили асосию меҳварӣ дар рушди зеҳн ва фарҳанги насли наврас медонад. Наќши китобдор ба ҳайси ҳодию роҳнамо, ҳамчун шахси маърифатпеша ва соҳибназар дар ҳалли мушкилоти ба китобхонӣ ҷалб намудани хонандагони таълимгоҳ махсус таъкид мегардад. Ба андешаи муаллиф, китобдор бояд худ шахси бофарҳангу китобдўст ва пурхондаву сатҳи маънавияташ баланд бошад. Нақши китобхонаи мактабӣ ҳамчун даргоҳи маърифатию иттилоотӣ дар инкишофи неруи эҷодӣ ва зеҳнии кўдакон махсусан қайд мегардад. Ба андешаи муаллиф яке аз роҳҳои маҳсулноки ба китобхонӣ ҷалб намудани кўдакон ва дар ин замина баланд бардоштани маънавиёти насли наврас ҳамкории мактаб, хонаводаву ҷомеа ва дар назди китобхонаҳо амал кардани шўрои волидайн маҳсуб меёбад. Бо ин мақсад баргузор намудани маҳфилу чорабиниҳои гуногун, аз ќабили «Китобхона дар меҳмонии мактаб», «Мактаб дар меҳмонии китобхона» ва «Ҳафтаи китоби кўдакону наврасони Тоҷикистон» тавсия карда мешавад. Самти дигари муҳимро дар ҷалби насли наврас ба мутолиаи китоб, муаллиф дар ҳамкории зичи Иттифоќи нависандагони Тоҷикистон, вазоратҳои фарҳанг, маориф ва илм дар ҷодаи ташкил ва ҷалби шоирону нависандагон ҷиҳати дар вохўриҳо иштирок кардану меҳри каломи бадеъ ва мутолиаи осори бадеиро дар қалби хонандагони муассисаҳои таълимӣ бедору тарбия намудан медонад.

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

китобхона, китобхонӣ, ташаккули фарҳанги китобхонӣ, рушди қобилиятҳои маърифатӣ, ҳамкории мактаб, оила ва ҷомеа, рушди зеҳн