ТАХАЛЛУС ВА ГУНАНОКИИ ОН ДАР ҒАЗАЛИЁТИ ҚОСИМИ АНВОР

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (18.Саидов И.Х..pdf)Саидов И.Х.ТАХАЛЛУС ВА ГУНАНОКИИ ОН ДАР ҒАЗАЛИЁТИ ҚОСИМИ АНВОР44

 


МУАЛЛИФ: Саидов Исмоил Холмаҳмадович, докторант (Phd)-и ихтисоси адабиётшиносии кафедраи адабиёти классикии тоҷики МДТ «ДДХ ба номи акад.Б.Fафуров» (Тоҷикистон, Хуҷанд)

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 4(73).     СОЛИ БАРОРИШ: 2022.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: тоҷикӣ

ЧАКИДА

Мақола ба баррасии тахаллус ва истифодаи гунаҳои он дар ғазалиёти орифу шоири қарни XIV- XV – Қосим Анвор (757/1356–837/1433) бахшида шудааст. Дар муқаддима ташаккули таърихии тахаллус дар батни навъҳои шеърӣ, назарияи муҳаққиқон доир ба инкишофу такомули он, инчунин доир ба тахаллус, интихоб он, тарзи истифода, гунанокӣ, мавќеи тахаллус, дараҷаи истифодаи он дар ғазалиёти шоирони пешин баррасӣ шудааст. Муаллиф, ҳангоми навиштани мақола, асосан усулҳои муқоиса ва эҳсонияро пеш гирифта, дар асоси он мавзўи мазкурро таҳқиќ намудааст. Муаллиф, ҷойгоҳу гунанокӣ ва дараҷаи истифодаи тахаллусро дар ғазалиёти шоир баррасӣ карда, таъкид намудааст, ки шоир тахаллуси худро дар ғазалиёташ ба ду гуна – Ќосим ва Қосимӣ истифода кардааст.Тибқи таҳқиқ маълум гардид, ки 99,5 сади ғазалҳои шоир бо зикри тахаллус навишта шудаанд. Натиҷа ҳосил мегардад, ки шоир дар эҷоди ғазал композитсияи ин навъи шеърро комилан риоя намуда, дар баъзе мавридҳо ибтикороте дар истифодаи тахаллусзоҳир намудааст.

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

Қосими Анвор, Куллиёт, ғазал, қасида, тахаллус, гурезгоҳ, байти тахаллус, гунанокии тахаллус