АНОСИРИ ЖАНРСОЗ ДАР БАРНОМАҲОИ МАРБУТ БА ҶАВОНОНИ ТЕЛЕВИЗИОНИ «САФИНА»

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (19.Ҳамидиён И.И., Саидзода Ш.И..pdf)Ҳамидиён И.И., Саидзода Ш.И.АНОСИРИ ЖАНРСОЗ ДАР БАРНОМАҲОИ МАРБУТ БА ҶАВОНОНИ ТЕЛЕВИЗИОНИ «САФИНА»58

 


МУАЛЛИФ: Ҳамидиён Илҳомҷон Иномзода, н.и.ф., дотсенти кафедраи телевизион ва радиошунавонии факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон; Саидзода Шодонаи Иброҳим, аспиранти кафедраи телевизион ва радиошунавонии факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, (Тоҷикистон, Душанбе)

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 4(73).     СОЛИ БАРОРИШ: 2022.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: тоҷикӣ

ЧАКИДА

Мақола ба мавзўи нисбатан нав дар илми журналистикаи миллӣ –масъалаи ҷавонон ва унсурҳои жанрсоз дар барномаҳои телевизионӣ бахшида мешавад. Пажӯҳиш дар заминаи ин мавзӯъ нишон нишон дод, ки масъалаи ҷавонон ва аносири жанрсоз ҳанӯз ба баррасиҳои бештар ниёз дорад. Аз нигоҳи роҳандозии сиёсати давлатӣ дар ин самт қадамҳои ҷиддӣ гузошта шуда, чорчубаи тасмимҳои амалиро барномарезӣ ва танзим мекунанд. Аз контексти сиёсати давлатии ҷавонон бармеояд, ки мавқеи давлат ба ҳаёти ҷавонон ва нерӯи ҷисмониву ақлонии онҳо дар асоси принсипҳои волои башарӣ ва шаҳрвандӣ муайян шудааст. Телевизиони “Сафина” таҳаввулоти амиқи телевизиониро дар кишвар асос гузошт. Ҳанӯз дар моҳҳои аввали таъсисаш бо услубу шеваи фарқкунанда барномаҳои ҷолибу диданиро пешкаши тамошобин намуд. Аз таҳлили муҳтавои намоишҳои ба мавзӯи мо дахлдор низ бармеояд, ки шеваву нигориши онҳо ҷолибу таъсирбахш буданд, ки таҳияи хоси барномасозиро бармало сохтанд. Маҳз аз ин ҷиҳат ҳаводоронашон дар аввал хеле зиёд буда, рақиби арзанда надоштанд. Солҳои баъдӣ, ки чанд шабакаи нав ба фазои иттилоотӣ ворид шуд, то ҳадде ба аудтиторияи телевизиони “Сафина” бетаръсир набуд, аммо дида мешавад, ки эҷодкорони он талош доранд, то усулҳои нави барномасозиро ба кор баранд.

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

Тоҷикистон, телевизиони “Сафина”, аносири жанрсоз, барномаҳои ҷавонон, очерк, мусоҳибаи портретӣ, репортаж, жанр, ток-шоу, талаботи жанрӣ, барномаҳои ихтисосӣ