ИНЪИКОСИ НАБАРДИ ҚОДИСИЯ ДАР САРЧАШМАҲОИ ТАЪРИХӢ ВА “ШОҲНОМА”-ҲО

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (14.Юлдошев А.К..pdf)14.Юлдошев А.К.ИНЪИКОСИ НАБАРДИ ҚОДИСИЯ ДАР САРЧАШМАҲОИ ТАЪРИХӢ ВА “ШОҲНОМА”-ҲО51

 


МУАЛЛИФ: Юлдошев Абдулло Қурбонмаматович, н.и.ф., дотсенти кафедраи таърихи адабиёти тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (Тоҷикистон, Душанбе)

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 4(73).     СОЛИ БАРОРИШ: 2022.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: тоҷикӣ

ЧАКИДА

Мақола ба масъалаи инъикоси набарди Қодисия дар сарчашмаҳои таърихӣ ва “Шоҳномаҳо” ихтисос ёфтааст. Тазаккур меравад, ки дар сарчашмаҳои арабӣ-мусулмонӣ ва “Шоҳнома” набарди Қодисия, ки соли 636 дар наздикии Куфаи имрӯза доир шуда буд, мавқеи муносиберо ишғол кардааст. Оннабарди тақдирсозе буд, ки раванди инқирози шоҳаншоҳии Сосониро бебозгашт гардонид.Бохте, ки насиби халқҳои эронӣ шуд, на танҳо аз даст рафтани шоҳанҳошӣ буд. Таъкид меравад, ки бо инқирози давлати Сосониён халқҳои эронӣ дигар натавонистанд ба қувваи сиёсии бузург табдил ёбанд ва нақше дар сиёсатҳои минтақавӣ ва фароминтақавӣ дошта бошанд. Дар набарди Қодисия фурӯпошии ниҳодҳои давлатии Сосониён низ таҷассум ёфтааст. Масалан, дар ҳама таҳқиқот мегузарад, сипоҳи Дайламиён, ки аз чаҳор ҳазор савора иборат буд, аз пуштибонии лашкари Рустам худдорӣ мекунад. Бино ба маълумоти Табарӣ ва таъкиди Ибн ал-Асир сарлашкари Форс ҳам чандон тарафдори Рустам набуд.Ба назари муаллиф дар нигориши набарди Қодисия, махсусан номаи Рустам ба бародараш, метавонад нуқтаи назари Фирдавсӣ дар бораи ҳуҷуми лашкари араб ба хоки Эроншаҳр ифода ёфта бошад. Чунин мулоҳиза дар он поя гуфта мешавад, ки номаи Рустам дар матни Табарӣ, Саолибӣ ва муаллифи деринатар Ибн ал-Асир намегузарад. Ин нома танҳо дар “Шоҳнома” ва то ҷое дар тарҷумаи арабии “Шоҳнома” омадааст. Хулосаи нуқтаи назари Фирдавсӣ метавонад байте бошад, ки иқтибосаш кардем: “Зиёни касон аз паи суди хеш, Биҷӯянду дин андар оранд пеш”.

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

Қодисия, набард, Саъд, Рустам, араб, Сосониён, шикаст, инқироз, дин