МАДҲИЯСАРОӢ ҲАМЧУН МЕРОСИ ФАРҲАНГӢ ВА ИРТИБОТИ ОН БО ШЕЪРИ КЛАССИКИИ ТОҶИК

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (15.Таваккалов Ҳ.С..pdf)Таваккалов Ҳ.С.МАДҲИЯСАРОӢ ҲАМЧУН МЕРОСИ ФАРҲАНГӢ ВА ИРТИБОТИ ОН БО ШЕЪРИ КЛАССИКИИ ТОҶИК37

 


МУАЛЛИФ: Таваккалов Ҳайдармамад Султонмамадович, н.и.ф., дотсенти кафедраи адабиёти Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев (Тоҷикистон, Хоруғ)

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 4(73).     СОЛИ БАРОРИШ: 2022.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: тоҷикӣ

ЧАКИДА

Ҷаҳони муосир анъанаҳои фарҳангии халқҳои гуногунро, ки ба равобити фарҳангии маънавӣ асос ёфтааст, меомӯзад. Бояд ёдовар шуд, ки мардум ба суннатҳое, ки дорои арзишҳои миллӣ ва ахлоқӣ ҳастанд, дар ҳама давру замон эҳтиёҷ доштанд ва имрӯз ҳам онҳоро гиромӣ медоранд. Аз ин ҷиҳат дунёи имрӯз моро бо таҳаввулот ва тағйироташ водор менамояд, ки аз арзишҳои миллӣ бештар баҳра бигирем. Мадҳиясароӣ аз зумраи суннатҳои миллии маънавӣ ва фарҳангӣ маҳсуб мешавад, ки дар миёни мардуми Бадахшон паҳн гардидааст. Мадҳия, аслан дар нишасти шабҳои ҷумъа, истиқболу таҷлили ягон ҳодисаи муҳими ахлоқию мазҳабӣ, маҳфилҳои ифтитоҳи ҷойҳои муқаддас, ба ҷо овардани ёдбуди гузаштагон ва маросими мотам сароида мешавад ва он бо шеъри ноби адабиёти классикии форсии тоҷикӣ робитаи мустақим дорад. Дар мақолаи мулоҳизаҳои муҳим дар мавриди мавқеи мадҳиясароӣ дар ҳаёти руҳонӣ ва фарҳангии сокинони Бадахшон сухан рафта, алоқаи он бо шеъри классикии тоҷик тадқиқ ёфтааст. Таъкид шудааст, ки мазмун ва фасоҳати шеъри форсии тоҷикӣ яке аз сабабҳои тақвияти мавқеъ ва мақоми суннати мадҳиясароӣ дар миёни мардум гардидааст.

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

мадҳия, мадҳиясароӣ, шеъри классикӣ, адабиёти форсии тоҷикӣ, мероси фарҳангӣ, малакут, суннат, таҳамуллгароӣ, чандандешӣ, азо, ҳуввият, мусиқии рӯҳонӣ, мувозинат, лаҳн