УСУЛҲОИ ТАСВИРИ АХЛОҚИ МУТАЗОДИ ҚАҲРАМОНОН ДАР ПОВЕСТИ «ОДИНА»-И УСТОД АЙНӢ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (12.Мавлонова М.Ҷ..pdf)Мавлонова М.Ҷ.УСУЛҲОИ ТАСВИРИ АХЛОҚИ МУТАЗОДИ ҚАҲРАМОНОН ДАР ПОВЕСТИ «ОДИНА»-И УСТОД АЙНӢ42

 


МУАЛЛИФ: Мавлонова Мутриба Ҷӯраевна, номзади илмҳои филология, дотсенти кафедраи адабиёти муосири тоҷики МДТ «ДДХ ба номи акад.Б. Ғафуров» (Тоҷикистон, Хуҷанд)

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 4(73).     СОЛИ БАРОРИШ: 2022.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: тоҷикӣ

ЧАКИДА

Дар мақола роҳу усулҳои тасвири ахлоқи мутазоди қаҳрамонон дар повести «Одина»-и устод Айнӣ мавриди пажӯҳиш қарор гирифтааст. Муаллиф қайд мекунад, ки дар адабиёти садаи ХХ тасвири образҲои зид аз ҳама ҷиҳат ҷолиби таваҷҷӯҳ буда, намунаҳои барҷастаи онро метавон дар осори Садриддин Айнӣ ба мушоҳида гирифт. Мавсуф муайян намудааст, ки дар повести «Одина» масъалаи инъикоси ахлоқи образҳои тазод, ахлоқи иҷтимоӣ ва пайванди наслҳо мавқеи асосӣ дошта, ҷиҳати бозтоби моҳияти ҳастии инсон ва мақому масъулияти ӯ дар назди ҷомеа муҳим ҳастанд. Устод Айнӣ хулқу атвори қаҳрамонони марказиро ба тафсил мавриди тасвиру баррасӣ қарор дода, марҳила ба марҳила зимни нақли воқеаҳо муҳимтарин сифатҳои ахлоқии онҳоро бозгӯ карда, дар баробари тасвири барҷастаи ахлоқи қаҳрамонони мусбат, ба тасвири комили қаҳрамонони манфӣ низ дастёб гардидааст. Мавсуф ахлоқи қаҳрамонони аз ҷиҳати синну сол ба ҳам наздикро дар ҷараёни нақли воқеаҳо хеле ҳадафмандона бозгӯ карда, дар баробари ин таъсири муҳити оилавиро дар ташаккули шахсияти қаҳрамон ба зуҳур овардааст.

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

Садриддин Айнӣ, образҳои зид, адабиёти бадеӣ, повест, ахлоқи ҳамида, қаҳрамони марказӣ, мусбат, манфӣ, сифатҳои шоистаи инсонӣ, зиддиятҳои иҷтимоӣ, хулқи ҳасана, образҳои фаъол, психологияи инсон