АДАБИЁТИ КЛАССИКӢ ВА МУОСИРИ ТОҶИК ДАР МЕҲВАРИ БАРРАСӢ ВА НУТҚУ ГУЗОРИШҲОИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (13.Абдуллоев Р.Х..pdf)13.Абдуллоев Р.Х.АДАБИЁТИ КЛАССИКӢ ВА МУОСИРИ ТОҶИК ДАР МЕҲВАРИ БАРРАСӢ ВА НУТҚУ ГУЗОРИШҲОИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА36

 


МУАЛЛИФ: Абдуллоев Ромезҷон Холмӯминович, номзади илмҳои филология, дотсент, сардори раѐсати илм ва инноватсияи МДТ «ДДХ ба номи акад. Б. Ғафуров» (Тоҷикистон, Хуҷанд)

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 4(73).     СОЛИ БАРОРИШ: 2022.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: тоҷикӣ

ЧАКИДА

Мақола ба баррасии нутқу гузоришҳо ва мақолаву навиштаҳои яке аз чеҳраҳои барҷастаи адабиёти муосири тоҷик Мирзо Турсунзода нигаронида шудааст. Ќайд мешавад, ки Мирзо Тусунзода дар як марҳалаи муайяни таърихӣ барои пешрафти адабиёти муосири тоҷик, аз ҷумла ба камол расидани як насли ҷавони суханвар саҳми арзанда гузошта, ба мазмун ва мундариҷаи осори ин давраи бениҳоят муҳим аҳаммияти хоса зоҳир намудааст. Тазаккур меёбад, ки дар баробари анҷоми чунин хидматҳои арзанда доир ба осори намояндагони маъруфи адабиёти классикӣ низ фикру мулоҳизаҳои хешро баён доштааст. Таҳлили масоили мазкур нишон медиҳад, ки Мирзо Турсунзода ҳамчун як суханвари огоҳ ва дорои фикру мулоҳизаҳои хос ҷойгоҳу мақоми арзанда пайдо кардааст. Хулоса мешавад, ки Мирзо Турсунзода дар ин марҳала ба сифати адиби содиқи адабиёти пролетариятҳо дар як марҳалаи дурахшони таърихи адабиёти муосири тоҷик ҳамчун симои намоёну муборизи роҳи реализми сотсиалистӣ ҷовидона боқӣ мондааст.

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

адабиёти классикӣ ва муосири тоҷик, нутқу гузоришҳо, осори Мирзо Турсунзода, шеър, баҳогузорӣ, навъҳои жанрҳои адабӣ