ДОИР БА ХУСУСИЯТҲОИ ДИДАКТИКИИ «МАДХАЛИ МАНЗУМ»-И АБДУЛҶАББОРИ ХУҶАНДӢ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Хоҷаева М.Ҷ., Кенҷаева Н.С.....pdf)Хоҷаева М.Ҷ., Кенҷаева Н.С.... ДОИР БА ХУСУСИЯТҲОИ ДИДАКТИКИИ «МАДХАЛИ МАНЗУМ»-И АБДУЛҶАББОРИ ХУҶАНДӢ39

 


МУАЛЛИФ:  Хоҷаева Мубина Ҷалоловна, д.и.п.,профессори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон; Кенҷаева  Наргиза  Саидқодировна,  омўзгори  кафедраи  методикаи  таълими  фанҳои тахассусии Коллеҷи омўзгории МДТ «ДДХ ба  номи акад. Б. ғафуров (Тоҷикистон, Хуҷанд)

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 4(69).     СОЛИ БАРОРИШ: 2021.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ

ЧАКИДА

Дар мақола сухан дар бораи хусусиятҳои дидактикии китоби таълимии «Мадхали манзум»-и Абдулҷаббори Хуҷандӣ меравад, ки дар асрҳои Х11-Х111 зиндагӣ кардааст. Қайд мешавад, ки ин рисола дар таърихи тамаддуни форсу тоҷик нахустин асари манзум аст, ки астрономия ва астрологияро ба хонандагон ёд медиҳад. Дар мақола кўшиш шудааст, ки хусусиятҳои дидактикии китоби мазкур дар такя ба дастовардҳои педагогикаи муосир омўхта шавад. Муаллифи мақола ба чунин хулоса омадааст, ки риояи низоми илмӣ, сода ва фаҳмо баён кардани матлабҳо, гоҳо ба фикр кардан водор сохтани толибилмон хусусиятҳои беҳтарини дидактикии китоб мебошад ва аз он имрўзҳо ҳам истифода бурдан мумкин аст. Аз нуқтаи назари дидактикаи муосир дар китоби дарсӣ бояд машқу масъалаҳо бошад, ки инро дар китоби «Мадхали манзум» мушоҳида намекунем. Аммо доир ба масъалаи мазкур хулосаи муаллиф чунин аст, ки масъалаҳоро худи муаллим аз шогирдон мепурсид. Давоми асрҳои миёна зарурат пеш омад, ки ба «Мадхали манзум» шарҳ навишта шавад ва ин корро ҳабибуллоҳ ибни Муҳаммади Табиб ба ҷой овард. Шарҳи навиштаи ўро дастур барои истифодаи «Мадхали манзум» номидан мумкин аст. Муаллиф пешниҳод  менамояд, ки барои омўзонидани астрономия ба хонандагон порчаҳоро аз асари номбурда истифода кардан мумкин аст. Омўхтани ин асар дар баробари шинос шудан бо донишҳои астрономии ниёгон,барои дарки ашъори шоирону адибони замони Салҷуқиён, таърихи китобҳои дарсии тоҷикӣ мадад мерасонад.

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

нуҷум, мадхал, астрономия, дидактика, китоби таълимӣ, мунаҷҷим, ситора, бурҷ, тақвим, асари манзум.