МУАММО, РУШД ВА ДУРНАМОИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Отаева М.А....pdf)Отаева М.А...МУАММО, РУШД ВА ДУРНАМОИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС31

 


МУАЛЛИФ: Отаева Мубина Абдусидиқовна, докторант (Phd)-и курси сеюми ихтисоси санъати тасвирӣ ва нақшакашии  МДТ “ДДХ ба номи акад.Б.Ғафуров” (Tоҷикистон, Хуҷанд)  

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 4(69).     СОЛИ БАРОРИШ: 2021.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ

ЧАКИДА

Мақола ба баррасии масъалаҳои рушд, дурнамо ва муаммои такмили ихтисоси омӯзгорони мактаби таҳсилоти умумӣ бахшида шудааст. Қайд шудааст, такмили ихтисос дар сиёсати давлатии соҳаи маориф мақоми афзалиятнок дошта,бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф таҳсилоти иловагии баъдидипломӣ буда, бо мақсади ба тахассуси нави педагогӣ мутобиқгардонии корманди соҳаи маориф, такмил додани маҳорати касбии онҳо дар заминаи таҳсилоти миёна ва олӣ ҳамчун таҳсилоти иловагӣ ташкил карда мешавад. Пешниҳод мешавад, ки ба хотири ҷавобгӯ будани низоми такмили ихтисос бо арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ он тибқи талаботи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ба роҳ монда шавад. Зикр мешаванд, ки барои ба стандарҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ будани такмили ихтисоси омӯзгорон дар ҳамкорӣ  бо ташкилотҳои хориҷӣ чанд лоиҳае, аз қабили Лоиҳаи USAID “Ҳамроҳ бихонем”;Лоиҳаи ЮНИСЕФ “Марказҳои  инкишофи кӯдак” ва “Низоми огоҳонии пешакӣ”;-Институти “Ҷамъияти кушода”-Бунёди мадад дар Тоҷикистон;Лоиҳаи GOPA-GIZ-олмонӣ ба роҳ монда шудаанд, ҷиҳати самаранок ҷараён гирифтани раванди такмили мутахассисони соҳаи маориф мусоидат мекунанд.

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

таълим, тарбия, сифати таҳсилот, такмили ихтисос, литсей, гимназия, салоҳияти касбӣ, худомӯзӣ.