МАВҚЕИ ОФАРИНАНДАГӢ, ЗЕҲНИ ОТИФӢ ВА ТАҲАММУЛПАЗИРӢ ДАР РУШДИ МУТАХАССИСИ ОЯНДА

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Бобоева С.Б.....pdf)Бобоева С.Б.... МАВҚЕИ ОФАРИНАНДАГӢ, ЗЕҲНИ ОТИФӢ ВА ТАҲАММУЛПАЗИРӢ ДАР РУШДИ МУТАХАССИСИ ОЯНДА38

 


МУАЛЛИФ: Бобоева Сайёра Бобораҷабовна, дотсенти кафедраи психологияи иҷтимоӣ ва касбии МДТ “ДДХ ба номи акад. Б.Ғафуров”(Тоҷикистон, Хуҷанд)

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 4(69).     СОЛИ БАРОРИШ: 2021.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ

ЧАКИДА

Шароити муосир аз хатмкунандаи макотиби олӣ – мутахассиси оянда,  касбиятнокии муҳаррик ва қобилияти босуръат иваз карда тавонистани ихтисоси худ, ки  бевосита бо фаъолияти фикрии эҷодӣ ва ғайриоддӣ вобаста аст, талаб мекунад. Хатмкунандаи имрӯза бо як қатор проблемаи хусусияти амалӣ дошта, ки аз сабаби нав буданашон, дар раванди таълими донишгоҳӣ ба ҳисоб гирифта нашуда буданд, вомехӯрад. Чунин муаммоҳоро бо такя ба дастовардҳои навтарини илмӣ, тафаккури навоварона ва муносибати ғайриоддиву эҷодӣ ба касби худ, ҳал намудан мумкин аст. Эҷодиёт бошад, имкони  амсиласозии ҳама гуна фаъолиятро медиҳад, ки дар навбати худ бо ҷаҳонбинии навоварона  ва татбиқи ҳартарафаи муамммоҳои навин алоқаманд аст. Вобаста ба ин дар мутахассисон бояд, дидгоҳи озод, қобилиятҳои  офаринандагӣ, дараҷаи инкишофётаи зеҳни отифӣ ташаккул дода шавад. Зимни талаботи навин ба мутахассисон хислатҳои номбурда то андозае пазируфта мешаванд. Дар заминаи баҳогузории кофӣ ва муносибати некхоҳона ба атрофиён, фаъолиятро самаранок гардонидан аз донишҷӯ қобилиятҳои  ҳамдилӣ, дараҷаи баланди коммуникатсионӣ, таҳаммулпазириро талаб мекунад, зеро натиҷаи дилхоҳ ва боздеҳ дар фаъолияти мухталиф бештар аз омилҳои номбурда вобастагӣ дорад. Аз ин рӯ тағйир додани низоми дидгоҳҳо нисбати қобилиятҳои инфиродию равонии мутахассисони оянда, интихоби ҷанбаҳои махсуси шахсие, ки ба рақобатпазирии онҳо мусоидат мекунанд, азнавсозии бунёди илмию амалии таҳқиқи равандҳои маърифатӣ, отифӣ, хусусиятҳои фардӣ, зарурати замон мебошад. Ба дигаргунсозии ин раванд омилҳои гуногун таъсири худро мерасонанд. Пеш аз ҳама сухан дар бораи навсозии  ҳаёти ҷомеа меравад, ки аз мақсадҳои миллии стратегияи инкишофи он вобастагӣ дорад.

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

тафаккури эҷодӣ, офаринандагӣ, зеҳни отифӣ, хусусиятҳои инфиродӣ, тафаккур, навгонӣ, тафаккури навоварона, тафаккури самаранок, фаъолии эҷодӣ, мақсаднокӣ, таҳаммулпазирӣ, хусусиятҳои инфиродию равонӣ, омили рафтор, ҳамдилӣ.