БАРРАСИИ БАРХЕ АЗ ХУСУСИЯТҲОИ МАВЗЎИИ АШЪОРИ КАЛИМИ КОШОНӢ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Шукурова З.Т.pdf)Шукурова З.ТБАРРАСИИ БАРХЕ АЗ ХУСУСИЯТҲОИ МАВЗЎИИ АШЪОРИ КАЛИМИ КОШОНӢ40

 


МУАЛЛИФ:  Шукурова Зайнура Турсуновна, докторанти Маркази илмии Хуҷандии АМИ ҶТ, (Тоҷикистон, Хуҷанд) 

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(67).     СОЛИ БАРОРИШ: 2021.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ

ЧАКИДА

Дар мақола доир ба хусусиятҳои мавзўии ашъори Калими Кошонӣ сухан рафтааст. Муаллиф мақоми  Калими Кошониро ҳамчун намояндаи барҷастаи садаи XVII адабиёти форсу тоҷик баррасӣ карда, нақши ӯро дар рушди анвои шеърӣ нишон додааст. Аз назари ӯ қасидаҳои суфтаву дилнишини мадҳии шоир бо ташбибҳои дилкашу хушоянд оғоз ёфта, аз васфи зебоиҳои табиати афсунгар, мушкилоти кўҳгардӣ, гармии тоқатфарсо, боридани борон, дамидани сабза, шукуфтани гулу лола, суруду шодмонӣ дар базму ҷашнҳо, ҳашамати Наврўз ва ғайра иборатанд. Шоир бо истифодаи алфоз ва таркибҳои дилкаш дар содагиву равонии забони ин навъи шеърӣ, бешубҳа, хидмати шоиста ба сомон расонидааст. Тазаккур меравад, ки  дар ғазал ҷой додани доираи фаровони мавзўот аз муҳимтарин вежагиҳои ҳунари шоирӣ ба ҳисоб меравад. Хулоса мешавад, ки дарки моҳияти афкори барҷастаи ахлоқии Калими Кошонӣ ба хонандаи муосир низ аз ҳар ҷиҳат судманд буда, дар роҳи ташаккули ахлоқи ҷомеаи муосир дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархўрди ақидаҳо ба сифати ғояи баланди умумиинсонӣ ва талқингари муколамаи фарҳангҳо нақши муассир дорад.

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

Калими Кошонӣ, навъҳои шеър, ғазал, санъатҳои бадеӣ, сабки ҳиндӣ.