УСУЛҲОИ ИНТИҚОЛИ ВОҲИДҲОИ ФРАЗЕОЛОГИИ ҒАЗАЛҲОИ ҲОФИЗ ҲАНГОМИ ТАРҶУМА БА ЗАБОНИ АНГЛИСӢ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Сангинова Ш.К.pdf)Сангинова Ш.КУСУЛҲОИ ИНТИҚОЛИ ВОҲИДҲОИ ФРАЗЕОЛОГИИ ҒАЗАЛҲОИ ҲОФИЗ ҲАНГОМИ ТАРҶУМА БА ЗАБОНИ АНГЛИСӢ50

 


МУАЛЛИФ:  Сангинова Шаҳноза Каримбоевна, унвонҷӯи Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улугзода (Тоҷикистон, Душанбе)

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(67).     СОЛИ БАРОРИШ: 2021.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Русӣ

ЧАКИДА

Дар мақола оид ба тарҷумаи  англисии ғазалҳои суханвари садаи ХIV адабиёти форсу тоҷик  Ҳофизи Шерозӣ, ки дар онҳо фаровонии ибораҳо, таркибу воҳидҳои фразеологӣ, зарбулмасалу мақолҳо мавҷуданд, сухан меравад. Таъкид мешавад, ки бархе аз воҳидҳои фразеологии ашъори шоири мавриди тадқиқ ихтирои худи суханвар буда, аз даҳон ба даҳон гузашта, ин ибораҳои собит ба нутқи ҳаррӯзаи мардум ворид шудаанд. Муаллиф андешаҳои худро бо маводи фактологӣ таҳким бахшида, аз баррасии мавзӯи мавриди таҳқиқ ба хулосае омадааст, ки тарҷумонҳо ҳангоми баргардони англисии ғазалҳо, тавонистаанд амиқии андешаҳои шоирро новобаста аз мавҷудият ё набудани муодили  таркиб ва ибораву воҳидҳои фразеологӣ дар забони тарҷумашаванда,  ба хонандаи англисзабон бирасонанд.

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

таркиби устувор, ибораҳо, муодил, вариантҳои ифода, шевоии забони ғазал.