СОИБИ ТАБРЕЗӢ-ШОИРИ ҒАЗАЛСАРО

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Ӯрунова М.Р.pdf)Ӯрунова М.РСОИБИ ТАБРЕЗӢ-ШОИРИ ҒАЗАЛСАРО132

 


МУАЛЛИФ:  Ӯрунова Мавҷуда Рустамовна, номзади илмҳои филология, дотсент, мудири кафедраи адабиёти классикии тоҷики МДТ «ДДХ ба номи акад. Б.Ғафуров» (Тоҷикистон, Хуҷанд)

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(67).     СОЛИ БАРОРИШ: 2021.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ

ЧАКИДА

Дар мақола перомуни мақоми Соиби Табрезӣ дар ғазалсароӣ маълумот дода шуда, сабки нигориш ва мавзӯву мундариҷаи ғазалиёти ӯ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтааст. Муаллиф таъкид бар он дорад, ки ҳарчанд суханвар бо сабки ҳиндӣ шеър эҷод намуда бошад ҳам, аммо дар ғазалҳояш аз ин сабк, ки ба печидагиву мармузӣ шўҳартёр аст, ба тарзи сода бардошт намуда, аксаран василаи тамсил муҳокимаронӣ менамояд. Собит карда шудааст, ки ғазалиёти суханвар аз ҷиҳати мавзўъ ва мундариҷа хело пурмуҳтаво буда, перомуни ишқ, садоқат, покӣ, озодагӣ, ҳиммат, эҳсон, таво¬зӯъ, қаноат, хомўшӣ ва ғайра гуфтугў менамояд. Аз баррасии мавзӯъ муаллиф ба чунин натиҷа расидааст, ки суханвар кулли сарчашмаҳои бурду бохти рўзгорро бо чашми дил мушоҳида намуда, натоиҷи мушоҳидоти хешро ба василаи шеър манзури  хонандагон сохтааст. Муаллиф бар он ақида аст, ки ашъори Соиби Табрезӣ дар назар хазинаи ҳикматеро мемонад, ки кулли инсонҳо метавонанд аз он барои амалӣ гаштани ормонҳои хеш раҳнамову дастуре пайдо карда бошанд.

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

Соиби Табрезӣ, ғазалсароӣ, мавзӯъ ва мундариҷаи ғазалиёт, сабки баён, мазмунсозиву маъниофаринӣ, ҳунари суханварӣ.