2021 сол
АЗ ТАЪРИХИ ТАЙЁР КАРДАНИ МУТАХАССИСОНИ СОҲАИ ҲУҚУҚШИНОСӢ (1947-1955)
МУАЛЛИФ: Норов Исматулло Саъдибоевич, аспиранти кафедраи таърихи ватан ва археологияи МДТ “ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров (Тоҷикистон, Хуҷанд)
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(67). СОЛИ БАРОРИШ: 2021. ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ
ЧАКИДА
Дар мақола масъалаи тайёр кардани мутахассисони соҳаи ҳуқуқшиносӣ дар ҶШС Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Қайд мегардад, ки дар самти тайёр кардани мутахассисони ин соҳа нақши таъсиси Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин ва факултети ҳуқуқшиносии донишгоҳи мазкур хеле назаррас мебошад. Дар мақола оид ба фаъолияти кафедраи назарияи давлат ва ҳуқуқ ҳамчун ниҳоди муҳими таълим, тарбия ва тайёр кардани мутахассисони баландихтисос дар соҳаи илми ҳуқуқ маълумот баррасӣ мешавад. Зикр мегардад, ки дар ин давра олимони ҳуқуқшинос ба пажӯҳиши самтҳои гуногуни илми ҳуқуқ машғул гардида рисолаву таҳқиқотҳои худро интишор намуданд. Ҳамчунин доир ба ҳамкорӣ ва кӯмаки донишгоҳҳои ҷумҳуриҳои иттифоқӣ барои тайёр кардани мутахассисони соҳаи ҳуқуқ дар Тоҷикистон маълумот оварда мешавад.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
ҳуқуқшиносӣ, ҳуқуқ, қонун, қонунгузорӣ, донишгоҳ, факултаи ҳуқуқшиносӣ.