ТАҲЛИЛИ ТАЪРИХИВУ ФАЛСАФИИ МОҲИЯТИ ВАТАНДӮСТӢ ВА ҚАҲРАМОНӢ ДАР ҒАРБИ АСРИ XIX (дар мисоли шахсияти Наполеон Бонапарт)

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Ҷӯраева Д.Р.pdf)Ҷӯраева Д.РТАҲЛИЛИ ТАЪРИХИВУ ФАЛСАФИИ МОҲИЯТИ ВАТАНДӮСТӢ ВА ҚАҲРАМОНӢ ДАР ҒАРБИ АСРИ XIX (дар мисоли шахсияти Наполеон Бонапарт)46

 


МУАЛЛИФ: Ҷўраева Дилбар Раҳимходжаевна, номзади илмҳои фалсафа, дотсенти Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи акад. М.С.Осимӣ (Тоҷикистон,Хуҷанд)

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(67).     СОЛИ БАРОРИШ: 2021.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Русӣ

ЧАКИДА

Дар мақола таҳлили таърихиву фалсафии моҳият ва падидаҳои ватандӯстӣ ва қаҳрамонӣ дар Ғарби асри XIX дар мисоли шахсияти Наполеон Бонапарт оварда шудааст. Муаллиф ташаккули шахсияти ватандӯстро дар шароити иҷтимоӣ-сиёсии маҳз давлати мустақилу соибистиқоқ таҳлил кардааст. Моҳияти ҳавас, рағбат дар фаъолияти инсон дар асоси таърифи Арасту ва  Гегел шарҳ дода шудааст. Моҳияти аслии ватандӯстӣ ва қаҳрамонӣ дар асоси таърифи фалсафӣ  матраҳ гардидааст. Ватандӯстӣ ҳамчун моҳият ва қаҳрамонӣ ҳамчун падида, муайян карда шудаанд. Шарҳ дода шудааст, ки мафҳумҳои некӣ, ватандӯстӣ ва қаҳрамонӣ ягонаанд.Байни моҳияти қаҳрамонии ҳақиқӣ, ки дар заминаи ватандӯстӣ бунёд шудааст ва он "қаҳрамоние", ки танҳо ба ангезаҳои субъективӣ-эгоистӣ асос ёфта,  маҳз манфиатҳои шахсиро дифоъ мекунанд, фарқ гузошта шудааст. Исбот шудааст, ки Наполеон Бонапарт, ҳамчун бузургтарин фармондеҳ дар забткориҳои худ, ватандӯсти аслӣ набуд.

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

ватандӯстӣ, қаҳрамонӣ, фазилат, давлат, рағбат шахсият, Инқилоби Фаронса, Ҷанги Ватанӣ.