МУНОСИБАТҲОИ ДУТАРАФАИ УКРАИНА ВА ҚАЗОҚИСТОН ДАР ДАВРАИ ПРЕЗИДЕНТИИ ВИКТОР ЮШЕНКО (АЗ СОЛИ 2005 ТО 2010)

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Ӯрунова М.Р.pdf)Ӯрунова М.РМУНОСИБАТҲОИ ДУТАРАФАИ УКРАИНА ВА ҚАЗОҚИСТОН ДАР ДАВРАИ ПРЕЗИДЕНТИИ ВИКТОР ЮШЕНКО (АЗ СОЛИ 2005 ТО 2010)47

 


МУАЛЛИФ: Третьяков Александр Максимович, аспиранти факултети муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург(Русия, Санкт-Петербург)

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(67).     СОЛИ БАРОРИШ: 2021.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Русӣ

ЧАКИДА

Дар мақола муносибатҳои дуҷонибаи Украина ва Қазоқистон дар давраи роҳбарии президент Виктор Юшенко (ба унвони шахси таъинкунандаи сиёсати хориҷии ин кишвар) аз моҳи январи соли 2005 то январи соли 2010, бо истифода аз методологияе, ки таҳлили ҳамкориҳоро дар сатҳи олии сиёсӣ, дар шароити номуайянии сиёсии Украина дар сиёсати дохилӣ ва бад шудани муносибатҳои он бо Русия, баррасӣ шудааст. Ҳадафи ин таҳқиқот баррасии  моҳияти муносибатҳои байни кишварҳо бо истифода аз дидгоҳҳои печида бо дар назар гирифтани каналҳои суннатии сиёсати хориҷӣ мебошад. Диққати асосӣ дар раванди тадқиқот ба таҳлили рӯйдодҳои дохилии Украина ва таъсири онҳо ба ҷараён ва динамикаи сиёсати хориҷӣ ва алахусус, муносибатҳо бо Қазоқистон дода мешавад. Хулоса мешавад, ки ҳар ду давлат танҳо ба табиати прагматикии муносибатҳо тамаркуз намуда, руйдодҳои  сиёсии дохили ҳар ду кишварро сарфи назар сохта,  диққати худро ба иқтисод равона мекунанд. Ин муносибатҳо барои Қазоқистон ва Украина калидӣ нестанд, балки аз ҷиҳати иқтисодӣ ва минтақавӣ дар асоси гузаштаи муштараки таърихӣ муҳиманд.

 

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

 сиёсати хориҷӣ, фазои пасошӯравӣ, муносибатҳои дуҷониба, Қазоқистон, Украина, ИДМ, робитаҳои байнидавлатӣ.