2021 сол
ЁДДОШТҲОИ ТАДҚИҚОТИ САҲРОӢ (МУСОҲИБАҲО) ҲАМЧУН САРЧАШМАИ ТАЪРИХӢ
МУАЛЛИФ: Файзуллоев Муҳиддин Файзуллоевич,н.и.т., дотсенти кафедраи археология ва этнографияи халқи тоҷик; Пӯлотова Адолат Исроиловна, муаллимаи кафедраи умумидонишгоҳии таърихи халқи тоҷики МДТ “ДДХ ба номи акад. Б.Ғафуров”(Тоҷикистон, Хуҷанд)
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(67). СОЛИ БАРОРИШ: 2021. ЗАБОНИ МАҚОЛА: Русӣ
ЧАКИДА
Дар мақола маводи мардумшиносие, ки дар рафти тадқиқоти саҳроӣ фароҳам омадаанд, омӯхта шуда, нақши онҳо дар пажӯҳишҳои таърихшиносӣ муайян мегардад. Тазаккур меравад, ки маводи саҳроие, ки аз дар рафти мусоҳиба бо респондентҳо, ашхоси куҳансол, сокинони шаҳри Хуҷанд ва атрофи он, ки аксарияташонро ашхоси 70-95- сола ташкил мекарданд,ҷамъоварӣ шудаанд, барои равшан сохтани бисёр ҳодисаи таърихи Ватан ва махсусан тағироти иҷтимоие, ки дар табақаҳои иҷтимоии шаҳр ба амал омадаанд, кӯмак мерасонанд. Қайд карда мешавад, ки арзиши маводи мардумшиносии ҷамъоваришуда дар он аст, ки дар дигар сарчашмаҳо ёфтани маълумоти пешниҳодкардаи посухдиҳандагон(респондентон) қариб ғайриимкон аст.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
тадқиқоти мардумшиносӣ, маводи саҳроӣ, огаҳидиҳанда, посухдиҳанда, куҳансолон, ёддоштҳо, мусоҳиба, мусоҳиб.