2021 сол
РОҶЕЪ БА МУШКИЛОТИ ТАЪЛИМИ ПЕШОЯНДҲОИ ЗАБОНИ АНГЛИСӢ ДАР ДАРСҲОИ АМАЛИИ ФАКУЛТЕТҲОИ ҒАЙРИТАХАССУСӢ
МУАЛЛИФ(ОН): Юлдашева Парвина Темуровна
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 3(68). СОЛИ БАРОРИШ: 2021. ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ
ЧАКИДА
Мақола ба баррасии масъалаи мушкилоти таълими пешоянд дар дарсҳои забони англисии факултетҳои ғайритахассусӣ бахшида шудааст. Қайд карда мешавад, ки барои муайян кардани мушкилоти таълими пешоянд дар дарсҳои забони англисии факултетҳои ғайритахассусӣ бояд масъалаи таълими пешоянд дар дарсҳои забони англисии донишҷӯёни тоҷикзабон омӯхта шавад. Тазаккур меравад, ки барои муассирӣ ва шавқоварии таълими пешояндҳои забони англисӣ муқоисаи он ба пешояндҳои забони тоҷикӣ ногузир аст. Дар мақола инчунин баъзе аз хатои донишҷӯён дар вақти истифодаи пешоянд нишон дода шуда, роҳҳои бартараф намудани баъзе аз онҳо пешниҳод шудаанд.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
таълими пешоянд, факултетҳои ғайритахассусӣ, машқҳои коммуникативӣ, машқҳои дидактикӣ, мувофиқат.