2021 сол
ТАЪЛИМИ МАВОДИ ҶАМЪИЯТИЮ СИЁСӢ БА ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲҲОИ ЗАБОНОМӮЗӢ ДАР РАВАНДИ КОРИ МУСТАҚИЛОНА
МУАЛЛИФ(ОН): Ахмедова Мавҷуда Негматовна
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 3(68). СОЛИ БАРОРИШ: 2021. ЗАБОНИ МАҚОЛА: Русӣ
ЧАКИДА
Мақола ба баррасии масъалаи омӯзонидани маводи ҷамъиятию сиёсӣ ба донишҷӯёни донишгоҳҳои забономӯзӣ дар раванди кори мустақилона тахассус ёфтааст. Тазаккур меравад, ки таъминоти педагогии раванди ташаккули мустақилияти омӯзгорони ояндаи забони хориҷӣ дар шароити низоми кредитии таълим ҳалли масъалаҳои муайян, аз ҷумла масъалаи азхудкунии маҳорати хонишро дар раванди кори мустакилонаи студентон, ки ҷузъи муҳими таълиму тарбия маҳсуб меёбад, тақозо менамояд. Ташкили кори мустақилонаи донишҷӯёни факултети забонҳо оид ба маҳорати мутолиаи маводи ҷамъиятию сиёсӣ дар фароянди кори мустақилона аз руи курси «Рӯйдодҳои ҷорӣ»(Currentevents) тавсиф шудааст. Вазифаҳои кор аз рӯи маводи ҷамъиятию сиёсӣ, меъёрҳои интихоби он, инчунин равиши кор бар рӯи он муайян карда шудаанд.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
кори мустақилона, донишҷӯён, низоми кредитӣ, забони англисӣ, хониш, рӯйдодҳои ҷорӣ, маводи иҷтимоию сиёсӣ.