2021 сол
МАҚОМ ВА МАНЗАЛАТИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ВА ОМЎЗИШИ ОН ДАР ФАЗОИ МУОСИРИ ТАҲСИЛОТ
МУАЛЛИФ(ОН): Рустамова Заррина Иномҷоновна
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 3(68). СОЛИ БАРОРИШ: 2021. ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ
ЧАКИДА
Мақола ба баррасии мақому манзалати забони давлатӣ дар фазои муосири таҳсилот ва таълими он дар синфҳои таълимашон ғайритоҷикӣ бахшида шудааст. Тазаккур меравад, ки яке аз афзалиятҳое, ки дар раванди таълим ва тадриси забони тоҷикӣ, ҳамчун забони давлатӣ мавриди истифода қарор мегирад ин дар муқоиса омӯзонидани забонҳо- модарӣ ва ғайримодарӣ мебошад. Муаллифи мақола зарбулмасалу мақолҳои тоҷикиро дар омӯзиши забони давлатӣ муассир дониста, асосҳои илмии таълими афоризмҳои забони тоҷикиро пешниҳод менамояд. Таъкид мешавад, ки агар омӯзонидани зарбулмасал, мақол ва афоризмҳои тоҷикӣ дар таълими забони давлатӣ як қисми кор бошад, қисми дигари муҳим ва мушкили он кушодани маънои онҳо мебошад. Собит мешавад, ки дар натиҷаи маънидоди афоризмҳои тоҷикӣ хонанда на танҳо забон меомӯзад, балки бо муҳит, шароит ва сабабҳои ба вуҷуд омадани зарбулмасал ва мақолҳои зиёд шинос мегарданд.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
забони давлатӣ, таълим, забони модарӣ, зарбулмасал ва мақол, фазои таҳсилот.