2021 сол
ТАКМИЛИ САЛОҲИЯТНОКИИ ДОНИШҶӮЁНИ РАВИЯИ ГУМАНИТАРӢ БО ИСТИФОДА АЗ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ИНФОРМАТСИОНӢ ДАР НИЗОМИ КРЕДИТИИ ТАҲСИЛ
МУАЛЛИФ(ОН): Воҳидова Зебо Рустамбоевна
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 3(68). СОЛИ БАРОРИШ: 2021. ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ
ЧАКИДА
Мақола ба омӯзиш ва татбиқи технологияҳои иттилоотӣ дар ташаккули салоҳиятнокии донишҷӯёни равияи гумантираӣ дар низоми кредитии таҳсил бахшида шудааст. Муаллиф оид ба истифодаи фановариҳои иттилоотӣ дар ташкили кори мустақилонаи донишҷӯёни низоми кредитӣ маълумот дода, мубрамияти нақши онро дар ташаккули салоҳиятнокии донишҷӯён нишон медиҳад. Тазаккур меравад, ки навгониҳо дар раванди омода намоии мутахассисони оянда дар асоси низоми кредитии таълим ҷои афзалиятнокро ишғол мекунанд. Муаллиф нақши технологияҳои иттилоотиро дар баланд бардоштани савияи дониш, малака, мубодилаи иттилоот дар раванди таълими донишҷӯёни равияи гумантарӣ дар низоми кредитӣ ниҳоят зарур арзёбӣ намудааст.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
салоҳиятнокии донишҷӯён, технологияҳои информатсионӣ, раванди таълим, низоми кредитии таҳсил, нерӯи илмӣ, нерӯи маърифатӣ, мустақилият, кори мустақилона.