Тозанашр
МАХСУСИЯТҲОИ ПСИХОЛОГӢ - ПЕДАГОГИИ ИНКИШОФИ НУТҚИ ХОНАНДАГОНИ ХУРДСОЛ ДАР РАВАНДИ ТАЪЛИМ
МУАЛЛИФ: Шарифиён Муқаддас Холиқзода, н.и.п., дотсенти кафедраи назария ва методикаи тарбияи томактабии МДТ «ДДХ ба номи акад.Б.Ғафуров» (Тоҷикистон, Хуҷанд)
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 4(81). СОЛИ БАРОРИШ: 2024. ЗАБОНИ МАҚОЛА: англисӣ
ЧАКИДА
Мақолаи мазкур роҷеъ ба махсусиятҳои педагогиву психологии ташаккули нутқи хонандагон дар раванди таълими синфҳои ибтидоӣ баҳс мекунад. Он бо такя ба сарчашмаҳои илмӣ ва мушоҳидаҳои дарсҳои омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ рӯи кор омадааст. Муаллиф кӯшиш намудааст, ки самтҳои инкишофи нутқи хонандагони хурдсолро тавассути рушди равандҳои маърифатӣ ва муҳити созгори нутқӣ, ки ба фаъолияти фикриву зеҳнии онҳо мусоидат менамоянд, манзур намояд. Ӯ таъкид менамояд, ки ҷиҳати дуруст бароҳмонии фаъолияти фикрии кӯдак, он бояд бо усулҳои самарабахши такмили ташкили фаъолияти фикрӣ мусаллаҳ бошад, ки ин ҳолатро муаллими эҷодкор бо пеш овардани вазъиятҳои муаммовӣ, васеъ истифода бурдани маводҳои таълим, воситаҳои айёнӣ ва ғ. дар муҳити нутқӣ фароҳам меоварад. Муаллиф иддао дорад, ки дар самаранокии фаъолияти кӯдак бедор намудани шавқу ҳавас, майлу хоҳиш дар иҷрои супориш мебошад, ки барои ҳар як муаллими синфҳои ибтидоӣ вазифаи аввалиндараҷа дар фаъолияти педагогӣ мебошад. Фикри худро дар мақола муаллиф бо чунин ақида ҷамъбаст намудааст: нутқ бо тафаккур алоқаманд буда, дар асоси он инкишоф меёбад ва дар навбати худ барои ташаккули тафаккур имконият фароҳам оварда, онро такомул ва сайқал медиҳад.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
хонандагони синфҳои ибтидоӣ, фаъолияти нутқӣ, ташаккули тафаккур, муҳити иҳотакарда, тасвири нутқ, ҳавасмандсозии кӯдакон, самтҳои психологии нутқ, ваҷҳ, ташаккули хотир.