Тозанашр
САҲМИ ПАЙРАВОНИ МАКТАБИ СОДИРХОН ҲОФИЗ ВА РУШДИ ТАЪРИХИИ ҲУНАРИ ШАШМАҚОМ ДАР НИМАИ ДУЮМИ АСРИ XX
МУАЛЛИФ: Аслиддин Низомӣ, профессор, доктори илмҳои санъатшиносӣ, Убайдуллоев Сайдулла Гайбуллаевич, дотсент, унвонҷӯи кафедраи мусиқии суннатии тоҷики МДТ «ДДХ ба номи акад.Б.Ғафуров» (Тоҷикистон, Хуҷанд)
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 4(81). СОЛИ БАРОРИШ: 2024. ЗАБОНИ МАҚОЛА: англисӣ
ЧАКИДА
Дар нимаи дуюми асри ХХ дар Тоҷикистон таҳаввулоти ҷиддӣ дар соҳаҳои мухталифи маориф ва фарҳанг ба амал омаданд (фаъолияти гурӯҳҳои нави ҳунарӣ, театрҳои халқӣ ва муассисаҳои соҳа). Бо ибтикори шахсӣ ва дар ҳамкорӣ бо устод Садриддин Айнӣ аз ҷониби сарвари ҳамонвақтаи Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров (1947) кори ба нота гирифтани Шашмақом оғоз гардид. Яке аз дастовардҳои мактаби ҳунарии Хуҷандшаҳр ва услуби нодири Содирхон – «назирасозӣ» аст, аз ҷумла «Ушшоқи Содирхон», «Қашқарчаи Содирхон», силсилаҳои «Сегоҳ», «Чоргоҳ» ва ғайра. Ворисони мактаби Содирхон Ҳофиз, дар баробари устодони Бухоро барои тарғиби ҳамаҷонибаи санъати Шашмақом ба майдони ҳунари пойтахт ворид шуданд, ки М.Баҳодуров, М.Болтуев, Б.Ниёзов, Ҷ.Набиев, К.Қосимов, Ҷ.Муродов ва дигарон аз ҳамин шуморанд. Онҳо ба хазинаи мусиқии замони нав падидаи хеле зарурӣ – унсурҳои мактаби Содирхон Ҳофизро устодона ворид намуданд. Аз ҳамин лиҳоз, дар баробари услубҳои қадимии мактаби Бухорову Самарқанд дар фарҳанги мусиқии тоҷик сабки ширини мактаби Содирхон Ҳофиз низ ҷойгоҳи махсус дорад. Дар шароити онзамонаи фарҳангсозиҳо дар ҷумҳуриҳои шӯравӣ, ки баъзан талошҳои беҳуда перомуни мероси фарҳангӣ ба амал меомаданд, ин воқеаи бузурги таърихӣ ва фарҳангӣ маҳсуб меёфт.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
Шашмақом, Фитрат, Успенский В.А., Беляев В.М., мактаби ҳунарии Хуҷанд, сабти нота, мусиқии классикӣ, намунаҳои нави мақомсароӣ, «назира», «назирасозӣ», «Ушшоқи Содирхон»