Тозанашр
ТОБОВАРИИ ФУНКСИЯҲОИ ФЕРМЕНТҲОИ АНТИОКСИДАНТИИ СИСТЕМАИ ҲУҶАЙРАВИИ РУСТАНИИ КАРТОШКА ДАР ШАРОИТҲОИ АБИОТИИ СТРЕССӢ
МУАЛЛИФ: Сабуров Бахтиёр Муҳидонивич, докторанти институти ботаника, физиология ва генетикаи рустаниҳои АМИТ, номзади илмҳои кишоварзӣ, дотсенти кафедраи биология ва методикаи таълими они; Ғафурова Парвина Зиеевна, докторанти курси якуми ихтисоси биология; Сабурова Зарина Садридиновна магистранти курси 1-уми ихтисоси биологияи МТД «ДДХ ба номи акад.Б.Ғафуров»
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 4(71). СОЛИ БАРОРИШ: 2024. ЗАБОНИ МАҚОЛА: англисӣ
ЧАКИДА
Аз натиҷаҳои ба даст омада бармеояд, ки навъҳои ба шароити стрессии номусоид тобовар ва серҳосил дорои хусусияти нисбатан ками талафоти об мебошанд, ки ин устуворнокии ин навъҳоро нисбат ба таъсироти абиотии стресси тавсиф менамояд.
Дар зери таъсири норасогии об фаъолнокии ферментҳои муҳофизатии глутатионредуктаза (ГР) ва аскорбатпероксидаза (АскП) дар генотипҳои (навъҳои) омӯхташуда ба таври гуногун тағйир ёфтанд. Нишондиҳандаҳои фаъолнокии ГР ва АскП дар баргҳои картошкаи навъи Карими ҳангоми шиддатёбии хушкӣ зиёд гардиданд ва ин ҳолат баъд аз 8 ва 10 рӯзи хушкӣ ба қайд гирифта шуд. Баръакс, дар навъи ба хушкӣ ноустувори Монитоу вобаста ба шиддатёбии хушкӣ паст шудани фаъолнокии ин ферментҳо мушоҳида шуда мебошад.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
ферментҳои антиоксидантии картошка, стрессҳои абиотики намнокии хок, миқдори нисбии об, намноки хок устувории рустаниҳо, танқисии об, сортҳои ноҳиябандикардашудаи картошка, шӯрхокшавӣ.