Тозанашр
БАЪЗЕ МУЛОҲИЗАҲО ОИД БА МЕДИАКОММУНИКАТСИЯИ ТАСВИРӢ ЧУН ВОСИТАИ ҶАЛБНАМОИИ АУДИТОРИЯ
МУАЛЛИФ: Комилов Каримбой Исломович, н.и.ф., дотсент: Азизова Моҳира Ғуфронҷоновна, ассистенти кафедраи журналистика ва назарияи тарҷумаи МДТ «ДДХ ба номи акад.Б.Ѓафуров» (Тоҷикистон, Хуҷанд)
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(69). СОЛИ БАРОРИШ: 2024. ЗАБОНИ МАҚОЛА: англисӣ
ЧАКИДА
Дар маќола муаллифон мафҳуму моҳияти медикоммуникатсияи визуалӣ ва сатҳи истифодаи онро дар ВАО-и муосир баррасӣ намудаанд. Муаллифон самара ва аҳамияти истифодаи аломатҳои медикоммуникатсияи визуалӣ: нигораҳо, тасвирҳо, комиксҳо, диаграммаҳо, идеограммаҳо, инфографика ва ғайраро чун воситаҳои таъсиррасонӣ ба истифодабарандаи иттилоот таъкид кардаанд. Муаллифон хулоса мекунад, ки имрӯз афзалияти раванди пайваста табдилёбии иртиботи тасвирӣ ва расонаҳои иттилоотӣ ба истифодабарандаи иттилоот имкони озодона интихоб намудани маводи фаровони ифодакунандаи манфиатҳои ӯро фароҳам оварда, ҳамзамон имконияти истифодабарандаро дар ифодаи андешаҳои шахсӣ ва иштирок дар таҳияи контенти иртиботи тасвирӣ васеъ ва бемаҳдуд мегардонад.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
медиакоммуникатсияи тасвирӣ, логограмма, идеограмма, хабар, дизайни рекламавӣ.