Тозанашр
РОҲҲОИ ТАШАККУЛИ ҚОБИЛИЯТИ ЭҶОДИИ ХОНАНДАГОНИ СИНФҲОИ ИБТИДОӢ ТАВАССУТИ ВАЗЪИЯТҲОИ БАЙНИФАРҲАНГӢ
МУАЛЛИФ: Бобохоҷаева Мавлуда Рустамовна, унвонҷӯи кафедраи педагогикаи умумии МДТ «ДДХ ба номи акад. Б.Ғафуров» (Тоҷикистон, Хуҷанд)
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(69). СОЛИ БАРОРИШ: 2024. ЗАБОНИ МАҚОЛА: англисӣ
ЧАКИДА
Дар мақолаи мазкур муаллиф масъалаҳои интихоби вазъиятҳои дорои хусусияти байнифарҳангӣ, ки қобилияти эҷодии хонандагони синфҳои ибтидоиро ҳангоми таълими забони англисӣ инкишоф медиҳанд, баррасӣ намудааст. Дар мақола якчанд мисолҳои вазъиятҳо оварда шуда, инчунин тавсияҳои методӣ оид ба истифодаи онҳо дар раванди таълими забони англисӣ пешниҳод шудаанд. Муаллиф ҳангоми гузаронидани омӯзиши таҷрибавӣ бо хонандагони синфи сеюм ба хулосае меояд, ки истифодабарии ҳолатҳои дорои хусусияти фарҳангӣ дар дарси забони англисӣ воқеан метавонад ба азхудкунии асосҳои нутқи забони хориҷӣ аз ҷониби хонандагони хурдсол мусоидат намуда, қобилиятҳои эҷодии онҳоро ташаккул диҳад
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
хонандагон, мактаби ибтидоӣ, забони англисӣ, вазъиятҳо, воқеӣ, аналогӣ, байнифарҳангӣ, қобилиятҳои эҷодӣ.