ДОИР БА МАСЪАЛАҲОИ МУБРАМИ ОМОДАСОЗИИ ЗАБОНӢ-ТАХАССУСИИ ОМӮЗГОРОНИ ОЯНДАИ ФАННИ ТАЪРИХ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Абдувоҳидова Тахмина Неъматҷоновна,.pdf)ДОИР БА МАСЪАЛАҲОИ МУБРАМИ ОМОДАСОЗИИ ЗАБОНӢ-ТАХАССУСИИ ОМӮЗГОРОНИ ОЯНДАИ ФАННИ ДОИР БА МАСЪАЛАҲОИ МУБРАМИ ОМОДАСОЗИИ ЗАБОНӢ-ТАХАССУСИИ ОМӮЗГОРОНИ ОЯНДАИ ФАННИ ТАЪРИХ0

 


МУАЛЛИФ: Абдувоҳидова Тахмина Неъматҷоновна, муаллими калони кафедраи умумидонишгоҳии забонҳои хориҷии факултети забонҳои хориҷии МДТ «ДДХ ба номи акад. Б.Ғафуров» (Тоҷикистон, Хуҷанд)

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(69).     СОЛИ БАРОРИШ: 2024.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: англисӣ

 

ЧАКИДА

Қисми муҳимми омодасозии касбӣ-меҳнатии омӯзгорони оянда ин омодасозии забонӣ-тахасусии онҳо мебошад. Зеро забон барои омӯзгор воситаи асосии таълим, тарбия ва инкишофи шогирдон мебошад. Барои ҳамин ҳам хеле муҳим аст, ки байни шакл (забон) ва мазмун на зиддият, балки мувофиқат мавҷуд бошад. Байни мақсад ва вазифаҳои таҳсилоти касбӣ ва мазмуну мундариҷаи таҳсилоти касбӣ мувофиқат, на балки зиддият бошад. Зеро шакл ва мазмун диалектикаи ягонагӣ, бо ҳамдигар алоқамандӣ ва аз ҳамдигар вобастагиро бояд ташкил диҳанд. Аз ҳамин нуқтаи назар дар мақолаи мазкур сухан оиди зарурат ва аҳамияти риоя намудани принсипи алоқамандии фанҳои забон, яъне забони модарӣ ва забонҳои хориҷӣ аз як ҷониб ва алоқамандии фанҳои забон бо фанҳои тахассусӣ аз ҷониби дигар меравад. Нуқтаҳои мазкури назариявӣ дар мисоли омодасозии забонӣ тахасуссии омӯзгорони ояндаи фанни таърих мавриди назар гардидааст, ки дар он забономӯзонӣ ва забономӯзӣ ҳам ба забони модарӣ ва ҳам ба забонҳои хориҷӣ ҳамчун шакломӯзонӣ ва шакломӯзӣ ва таърихомӯзонӣ ва таърихомӯзӣ ҳамчун мазмуномӯзонӣ ва мазмуномӯзӣ диалектикаи ягонагӣ, бо ҳамдигар алоқамандӣ ва аз ҳамдигар вобастагиро ташкил медиҳанд.

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ 

омӯзгорони оянда, омӯзгорони ояндаи фанни таърих, мувофиқатии шакл ва мазмун, зиддияти байни шакл ва мазмун, воситаҳои таълим, мундариҷаи таҳсилоти касбӣ, омодасозии забонӣ-тахассусӣ, алоқамандии байни фанҳои забони модарӣ ва забонҳои хориҷӣ, алоқамандии байни фанҳои забон ва фанҳои тахассусӣ, алоқамандии байни фанҳои забон ва фанни таърих.