Тозанашр
АСОСҲОИ ИЛМӢ-МЕТОДИИ ОМОДАГИИ МУАЛЛИМОНИ ОЯНДАИ ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК БА ҲАМГИРОИИ ФАНҲОИ ФИЛОЛОГӢ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ
МУАЛЛИФ: Ҳакимова Шоира Исломовна, н.и.ф., дотсенти кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷики МДТ «ДДХ ба номи акад. Б.Ғафуров»(Тоҷикистон, Хуҷанд)
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(69). СОЛИ БАРОРИШ: 2024. ЗАБОНИ МАҚОЛА: англисӣ
ЧАКИДА
Дар мақола перомуни асосҳои илмӣ-методии омодагии муаллимони ояндаи забон ва адабиёти тоҷик ба ҳамгироии фанҳои филологӣ дар муассисаҳои таълимӣ сухан меравад. Қайд мешавад, ки филология аз рӯи моҳияти худ маҷмуи фанҳои ҳамгиро буда, маънои онро дорад, ки филолог дорои васеътарин, амиқтарин донишҳои соҳаҳои гуногун буда, завқи зебоишиносии инкишофёфта дорад, дорои маданияти баланди одобу рафтору гуфтор аст, ба муқаддасоти милливу бузургони миллат арҷ мегузорад, бо адабиёт, фарҳанг, таърихи дирӯзу имрӯзи халқу миллат ошноӣ дорад. Инчунин тазаккур гаштааст, ки муаллими забон ва адабиёти тоҷик дар раванди таълими маҷмуии ҳам забон ва ҳам адабиёт бояд ҷустуҷӯи роҳҳои ба амал баровардани ҳамгироии фанҳоро ҳамчун яке аз муҳимтарин принсипҳои таълими фанҳои филологӣ, ки боиси ба вуҷуд овардани ҷаҳонбинии комил мегардад, роҳандозӣ намояд.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
муносибати ҳамгироӣ, таълими ҳамгироӣ, омодагии муаллимони ояндаи забон ва адабиёти тоҷик, таълими фанҳои филологӣ, фаъолияти касбӣ