Тозанашр
АФЗАЛИЯТҲОИ ИСТИФОДАИ УСУЛИ МУҚОИСАВӢ-ТАЗЗОДӢ ДАР ОМОДАГИИ КАСБИИ ОМӮЗГОРОНИ ОЯНДАИ ЗАБОНИ АНГЛИСӢ
МУАЛЛИФ: Ҷӯраева Назира Иброҳимовна, унвонҷӯи кафедраи педагогикаи иҷтимоӣ ва касбии МДТ «ДДХ ба номи акад.Б.Ғафуров» (Тоҷикистон, Хуҷанд)
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(69). СОЛИ БАРОРИШ: 2024. ЗАБОНИ МАҚОЛА: англисӣ
ЧАКИДА
Масъалаи омӯзиши хусусиятҳои истифода намудани усули муқоисавӣ-таззодӣ дар таълими забонҳо солҳост, ки диққати муҳаққиқонро ба худ ҷалб мекунад. То имрӯз аҳамияти истифодаи он аз ҷониби таҳқиқоти гуногун тасдиқ гардидааст, хусусан, дар онҳое, ки ба истифодаи ин усул дар мавриди омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар сатҳи донишгоҳӣ бахшида шудаанд.Дар ин мақола муаллиф як қатор имкониятҳои истифодаи ин усулро баррасӣ менамояд, ки ҷанбаҳои лингвистӣ, методӣ ва фарҳангшиносии он ошкор мешаванд.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
усули муқоисавӣ-таззодӣ, мактаби олӣ, омӯзгори ояндаи забони хориҷӣ, забони англисӣ, ҷанбаи лингвистӣ, ҷанбаи методӣ, ҷанбаи фарҳангӣ.