ВАЪЗИ МУОСИРИ РАВАНДҲОИ МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ ДАР ИҚТИСОДИЁТ ВА АМСИЛАРОНИИ ОН

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (Шукуров А.А..pdf)ВАЪЗИ МУОСИРИ РАВАНДҲОИ МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ ДАР ИҚТИСОДИЁТ ВА АМСИЛАРОНИИ ОНВАЪЗИ МУОСИРИ РАВАНДҲОИ МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ ДАР ИҚТИСОДИЁТ ВА АМСИЛАРОНИИ ОН6

 


МУАЛЛИФ: Шукуров Абдуназар Абдухалилович, сармуаллими кафедраи технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёти МДТ «ДДХ ба номи акад.Б. Ғафуров» (Тоҷикистон, Хуҷанд)

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(69).     СОЛИ БАРОРИШ: 2024.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: англисӣ

ЧАКИДА

Муҳоҷирати аҳолӣ дар худ раванди иҷтимоию демографиро таҷассум намуда, ба рушди системаҳои иқтисодии минтақаҳои дар равандҳои муҳоҷират ҷалбгардида таъсири назаррас мерасонад. Солҳои охир ҳаракати доимо афзудаистодаи аҳолӣ ба мушоҳида расида истодааст. Бояд тазаккур дод, ки дар доираи низомҳои иқтисодии минтақаҳо равандҳои муҳоҷират дар худ раванди мустақим ва баръакси захираҳои меҳнатиеро ифода намуда истодаанд, ки дар динамикаи рушди он нишон дода шудаанд. Дар шароити мавҷуд набудани монеаҳои боздорандаи муҳоҷират раванди муҳоҷират метавонад ба ташкилкунӣ ё бартарафкунии нобаробарӣ дар рушди системаҳои иқтисодии ноҳияҳои ҳамсоя таъсир расонад, ки аз минтақаҳои дорои низоми иқтисодӣ ва инфрасохторашон сусттараққикарда ба минтақаҳои ободтар мегузаранд. Дар мақола, амсиларонӣ, таҳлили муҳоҷирати аҳолӣ, омӯзиши намудҳои гуногуни он аз рӯи фарогирии ҳудудӣ - байнидавлатӣ ва дохилӣ (масалан, байни вилоятҳо ва дохили вилоятҳо, байни ноҳияҳо ва дохили ноҳияҳо) дар назар дошта шуда, муносибатҳои муҳоҷирати аҳолӣ, аҳамияти онҳо барои ташаккули аҳолӣ ва захираҳои меҳнатии воҳидҳои алоҳидаи ҳудудӣ ва нуқтаҳои аҳолинишин маълумотҳои зарурӣ оварда шудааст.

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ 

муҳоҷират, амсиларонӣ, омор, меҳнат, равандҳои муҳоҷират, муҳоҷирати дохилӣ ва байнидавлатӣ.