Тозанашр
ДАСТГОҲИ ХУШККУНАКИ ОФТОБӢ
МУАЛЛИФ: Домуллоҷонов Аҳмадҷон, н.и.т., дотсенти кафедраи системаҳои бисёршабакавии телекоммуникатсионӣ; Усмонов Ҳалим Хошимович, муаллими калони кафедраи системаҳои бисёршабакавии телекоммуникатсионӣ; Бурхонзода Сомон Исмат, магистранти соли 2-юми кафедраи барномарезии МДТ «ДДХ ба номи акад. Б.Ғафуров» (Тоҷикистон, Хуҷанд)
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(69). СОЛИ БАРОРИШ: 2024. ЗАБОНИ МАҚОЛА: англисӣ
ЧАКИДА
Макола ба масъалаи муҳимми замон: табдилдиҳӣ ва истифодаи амалии энергияи офтоб — манбаи аз ҷиҳати экологӣ тозатарини энергия дар рӯи Замин бахшида шудааст. Дар он роҳҳои ба энергияи гармӣ табдил додани энергияи радиатсияи офтоб баррасӣ шудааст. Таъкид гардидааст, ки масъалаҳои таҳия ва сохтани дастгоҳҳое, ки ба энергияи радиатсияи офтоб кор мекунанд, инчунин равандҳои гуногуни физикӣ, ки дар зери таъсири радиатсияи офтоб пайдо мешаванд, беш аз пеш таваҷҷуҳи инсониятро ба худ ҷалб мекунад. Зикр шудааст, ки шароити иқлими Осиёи Миёна, бахусус шимоли Тоҷикистон бо тобистони тулонии хушк, шумораи зиёди рӯзҳои софу беғубор, ҳарорати баланди ҳаво ба истифодаи энергияи офтоб барои таъмини эҳтиёҷоти энергетикии аҳолӣ мусоидат менамояд.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
гелиотехника, нури офтоб, камераи хушккунї, гармкунакњои офтобї, дастгоҳи офтобї, сатҳи рӯшноии ҷабанда,тарошаи оҳан.