Тозанашр
ТАЪСИРИ ДАРОЗИИ НАМУНАҲОИ СИЛИНДРИ ЛАТУНИИ ТАМҒАИ Л63 БА КИНЕТИКАИ ХУНУКШАВИИ ОН
МУАЛЛИФ: Отаҷонов Сӯҳроб Эргашалиевич, д.ф. (PhD), дотсенти кафедраи физикаи умумӣ ва ҷисмҳои сахт; Низомов Зиёвуддин, н. и.ф. ва математика, дотсент, мутахассиси пешбари илм, ИИТ ДМТ; Комилов Мирҳабиб Мирҳамидович, докторант PhD – и курси 3-юми факултети физикаю техникаи МДТ “ДДХ ба номи акад.Б. Ғафуров” (Тоҷикистон, Хуҷанд)
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(69). СОЛИ БАРОРИШ: 2024. ЗАБОНИ МАҚОЛА: англисӣ
ЧАКИДА
Дар мақола натиҷаҳои тадқиқоти таъсири дарозии намунаҳои силиндрии аз латуни L63 тайёршуда ба кинетикаи хунукшавии онҳо оварда шудаанд. Муайян карда шудааст, ки дар сардшавии озоди табиӣ механизмҳои асосии интиқоли гармӣ конвексия, гармигузаронии ҳаво ва афканишот мебошанд. Вақти хоси хунукшавӣ аз рӯи тартиби афканишоти ҳароратӣ, гармигузаронӣ ва конвексия зиёд мешавад. Муайян карда шуд, ки вақтҳои хоси хунукшавй бо зиёдшавии дарозии намунаҳо меафзояд. Ин таҳқиқот барои фаҳмиши равандҳои гузарониши гармӣ дар маводи металӣ муҳим буда, метавонад ҳангоми таҳияи равандҳои истеҳсолии марбут ба коркарди мис ва хӯлаҳои он истифода шавад.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
биринҷӣ L63, хунукшавӣ, конвексия, афканишот, гармигузаронӣ, эффекти андоза, вобастаги аз температура